Абдураҳмони Ҷомӣ: Аз иҷроиши нақша то дастовардҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохтмони беш аз 200 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аллакай давоми соли равон 30 иншооти ҷашнӣ мавриди ситифода қарор гирифт, ки ба ин васила садҳо сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Иҷроиши нақша — 100 фоиз
Дар нуҳ моҳи соли равон ба буҷети ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ беш аз 29 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки 100 фоизи нақшаро ташкил мекунад. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба буҷети ноҳия зиёда аз 34 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки ин ҳам 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Ҳоло дар ноҳия 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо назардошти солҳои пешин амалӣ шуда, маблағи истифодашуда беш аз 7 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 лоиҳа ба маблағи 500 ҳазор доллар мебошад.
Саноат ва энергетика
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба зиёда аз 120 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 32 миллиону 672 ҳазор сомонӣ ё худ 37,4 дарсад зиёд аст. Гардиши мол дар тамоми соҳаи савдо наздик ба 170 миллион сомонӣ расонида шудаааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 миллион сомонӣ ё ин ки 39,6 дарсад зиёд мебошад. Хизматрасонии пулакӣ ба 80 миллиону 837 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба нуҳ моҳи соли 2021-ум 8 миллиону 952 ҳазор сомонӣ ё худ 12,5 дарсад зиёд аст. Давоми сол дар ноҳия 7 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ ва 30 иншооти таъиноти гуногуни хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз ин ҳисоб 85 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст. Инчунин, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 646 ҷойи кории нав ташкил карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 160 ҷойи корӣ зиёд мебошад.
Сохтмон ва меъморӣ
Ҳоло бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои сохтмонӣ дар биноҳои панҷошёнаи хизматчиёни давлатӣ ва Кохи фарҳанг идома доранд. Бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои дуошёнаи нозироти андоз дар арафаи анҷомёбӣ буда, сохтмони бинои сеошёнаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо маблағгузории Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Масофаи умумии роҳҳои автомобилгард беш аз 227 километрро ташкил медиҳад. Барои таъмири роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 147 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 142 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо ин маблағ 59 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ ва 0,3 км роҳ аз таъмири яклухт бароварда шудааст. Бо саҳми соҳибкорон ва мақомоти маҳаллӣ бо харҷи 1 миллиону 113 ҳазор сомонӣ дар ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ 1 км роҳ сангфарш, дар ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистон 1 пул ва 3 километр роҳи байни деҳа сангфарш, ҷамоати деҳоти Калинин ва ҷамоати деҳоти Иттифоқ 3 километр роҳ таъмири яклухт карда шудааст.
Рушди кишоварзӣ дар ноҳия
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёда аз 724 миллиону 633 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 43 миллиону 583 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар майдони 16 ҳазору 861 гектар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зироат кишт намуданд. Аз ҷумла, 4 ҳазору 756 гектар ғалладона, 4 ҳазору 506 гектар гандум, 250 гектар ҷав, 252 гектар шолӣ, 250 гектар маккаи дон, 159 гектар лӯбиёгӣ, 660 гектар сабзавот, 8000 гектар пахта, 300 гектар полезӣ, 275 гектар картошка ва 2051 гектар зироати хӯроки чорворо ташкил медиҳад. Дар 9 моҳи соли 2022-ум 25 ҳазор 670 тонна ғалладонагиҳо бе ҷуворимакаи дон, 20 ҳазору 521 тонна сабзавот, 4 ҳазору 829 тонна картошка, 9 ҳазору 880 тонна полезӣ ва 3 ҳазору 350 тонна мевагӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбати соли гузашта зиёд аст. Ҳамчунин, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 8 ҳазору 623 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 100 фоизи дурнамои кишти такрориро атшкил медиҳад.
Масъулин ва кишоварзон имкониятҳои ҷойдоштаи моҳипарвариро самаранок истифода карда, сол то сол соҳаи моҳипарварӣ рушд ёфта истодааст. Ҳоло шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 43 адад расонида шуда, нисбат ба соли гузашта 4 адад зиёд мебошад.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 3 ҳазору 180 тоннаро ташкил мекунад, ки наздики 86 дарсади нақша аст.
Маориф ва илм
Ҳоло дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 64 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 литсей ва 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошта, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 47 ҳазору 585 нафар, аз ҷумла 22 ҳазору 977 нафарро духтарон ташкил дода, ба онҳо 1 ҳазору 912 омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Ҳоло дар назди 8 муассисаи таълимӣ сохтмони 34 синфхонаи иловагии дигар барои 816 хонанда идома дорад. Дар 6 муассисаи томактабӣ 471 кўдак дар 22 гуруҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар 9 муассисаи таълимӣ маркази инкишофи кўдак бо фарогирии 9 гуруҳ ташкил карда шудааст.
Иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар озмунҳои олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ беҳтар гардида истодааст. Аз ҷумла, 5 нафар хонандагон соҳиби медал гардиданд, аз ҷумла 2 нафар ба медали тило, 2 нафар ба медали нуқра ва 1 нафар ба медали биринҷӣ мушарраф шуданд.
Тандурустӣ
Дар соҳаи тандурустии ноҳия 140 духтур, 570 корманди миёнаи тиб ва 404 корманди тиб фаъолият доранд. Беморхонаи марказӣ аз 10 шуъбаи ташхисӣ-табобатӣ иборат мебошад. Дар беморхонаи марказӣ шуъбаи қабул ва ёрии таъҷилӣ, хунтаъминкунӣ, УЗИ, таҳлилгоҳи шабонарӯзии клиникӣ ва биокимиёвӣ фаъолият доранд. Давоми соли равон дар шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия 5 ҳазору 668 нафар барои табобат гирифтан бистарӣ гардонида шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 788 нафар кам ба қайд гирифта шудааст.
Ҷавонон ва варзиш
Дар ноҳия барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва таъмини солимии онҳо 12 майдончаи варзишӣ дар чанд соли охир сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҳоло беш аз 25 нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди ноҳия дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил дошта, дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ 5 ҳазору 43 нафар ҷавонон таҳсил доранд, ки аз ин шумора 2 ҳазору 380 нафарашон духтарон мебошанд.
Ҳамчунин, 130 нафар ҷавонони ноҳия тибқи квотаи Президентӣ дар мактабҳои олии кишвар таҳсил доранд.
Дар ҳамин давраи соли ҷорӣ боз 26 нафар ҷавонон ба мактабҳои олии кишвар тибқи квота дохил шудаанд, ки 13 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Ҷавонони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 13 медал гардидаанд. Аз ҷумла, дар 2 мусобиқаи байналмилалӣ 1 медали тило ва 1 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Онҳо 4 медали тило, 4 нуқра ва 3 медали биринҷӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва 17 медал дар мусобиқаҳои вилоятӣ ба даст овардаанд, ки дар умум, 5 медали тило мебошад.
Имрӯз корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ дар қаламрави ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вусъати тоза пайдо карда, умед аст, ки минбаъд ҳам дар тамоми соҳаҳои муҳими ин ноҳия шоҳиди муваффақиятҳои бештар мегардем.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ