Идомаи сафари Президент ба Хатлон. Маркази адлия дар шаҳри Норак ифтитоҳ ёфт

Имрӯз, 24-уми октябр бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Маркази адлия мавриди истифода қарор гирифт.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, бинои Маркази адлия аз таҳхона ва 4 ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якуми бинои Маркази адлия равзанаи ягона, китобхона ва толори ақди никоҳ ҷойгир мебошад.

Дар китобхонаи Маркази адлия асарҳои Пешвои миллат, теъдоди зиёди осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, адабиёти ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуд аст, ки аз ин махзани илму маърифат кормандони мақомоти адлия ва сокинони шаҳр баҳрабардорӣ мекунанд. Толори ақди никоҳ барҳаво буда, вобаста ба маросими баргузоршаванда оро дода шудааст. Дар толори мазкур барои қайди ақди никоҳи навхонадорон шароити муосир фароҳам мебошад.

Дар ошёнаи дуюми бино ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои кории Идораи нотариалии давлатӣ, Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” ва Нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Норак ҷойгир мебошанд. Дар ошёнаи чорум бошад, меҳмонхонаи замонавӣ сохта шудааст, ки бо 4 ҳуҷраи барҳово барои 8 нафар пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳои меҳмонхона стандартӣ ва люкс буда, дорои шароити ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар таҳхонаи иншоот бойгонии Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *