Абдурауф Муродӣ: Ҳаҷв “одам шав” гуфта мезанад!
Шояд бовар накунед, аммо воқеан, 1-уми апрел дар Рӯзи ханда, ки миёни мардум чун Рӯзи дурӯғ низ машҳур аст, нависандаи ҳаҷвнигор Абдурауф Муродӣ ба дунё омадааст. Бахшида ба ин санаҳо бо эшон суҳбате оростем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад.
— Ҳаҷв чист ва он чӣ ҳадаф дорад?
— Маймун баъди чанд сол ба одам табдил ёфт?
— Баъди миллион сол.
— Ҳа, акнун ман зӯрии арақро фаҳмидам; вай дар як соат одамро ба маймун табдил дод-е.
***
— Ало, духтур, занам ҷоғашро шикаст.
— Ҳозир меравам.
— Не, саросема нашавед. Баъди як ҳафта оед ҳам, мешавад. Монед, камтар гӯшам ором гирад.
Агар пас аз қатъи ханда ба умқи моҳияти ин латифаҳо фурӯ биравем, ба нахустсуоли шумо метавонем то ҷое посух дарёбем. Яъне ҳаҷв хандаест даромехта бо танқиду эътирозу фошсозӣ. Аз ин ҷост, ки дар фарҳангҳои муътабари донишмандони пешин омада: ҳаҷв — мазаммат кардан, сухан ба румуз ва таъна гуфтан. Луғатномаҳои адабиётшиносӣ тавзеҳ бахшидаанд, ки ҳаҷв маҷмуи осори адабиест ҳамбаста ба хандаю истеҳзо ва эътироз нисбат ба рухдодҳои нохушоянду зиёновари ҳаёт ва рафтори ношоистаи иддае аз афрод. Ҳамбаста ба ин тавзеҳот ба қазовате хоҳем расид, ки дар он ду латифаи боло бо усули хандахариш кардан ду одати ҳаринаю пурзиёни одамон — майзадагӣ ва пургапӣ зери тозиёнаи танқид гирифта шудааст. Ба ин гуна, ҳаҷв ҳам ханда асту ҳам ҳодии андешаю қазоват. Ба ин маънӣ ҳаҷвнависи маъруфи турк Азиз Несин сухане машҳур дорад: «Ман гириста ҳаҷв менависам, одамон хандида онро мехонанд. Таманнои онро дорам, ки эшон пас аз мутолиаи осори ман аз ханда ба андеша бираванд ва аз ҳадафҳои нигоранда огаҳӣ дарёбанд». Яъне ҳадафи ҳаҷв танҳо ханда нест, балки, бештар аз он, бартараф кардани камбудиҳост, аз дардҳои ҳарина озод кардани худу ҷомеа аст. Барҳақ фармудаанд, ки «Ханда ҳам доруст, инсонро табобат мекунад». Ҳаҷв барои аз омолу афкори зиёнбору ғаразолуда барҳазар будану ба таври шоиста зистан ба одамон мадад мерасонад. Аз ин рӯ, аз ҳаҷв набояд ҳаросид, онро бояд хуш пазируфт, аз мазмуну моҳияташ бояд биандешид ва ханда бар лаб бо дили беғаш зиндагии хешро оростаю покиза бояд кард. Ҳаҷв дӯсти мост, гоҳе сахт мезанад, вале, ба ибораи мардумӣ, «одам шав» гуфта мезанад.
— Чӣ омил сабаб шуд, ки ба ҳаҷвнависӣ машғул шавед?
— Муҳити кӯдакию наврасиям аввалин ангезаҳоро дар дилам нисбат ба ҳаҷв ба вуҷуд овард. Шомгаҳон мардони деҳа фориғ аз корҳои рӯзона дар суҳбатгоҳ (маркази деҳа) гирд омада, «гапхӯрӣ» мекарданд, ки як навъ нақши фароғатро дошт. Ва ҳар гоҳ аз давраи онҳо хандаи осмонкафе баланд мешуду ҳамагон ба оне, ки бо нақли ҳодисаи аҷибе, ривоятею латифае муҷиби ин хушҳолӣ шудааст, аҳсант мегуфтанд. Ё фасли сармо, ки мардум аз корҳои гарони саҳроӣ фориғ мешуданд, боз ҳам мардон меҳмонхонашинию гаштак ташкил мекарданд ба ҳукми «чорта дами беғам задан». Дар ин маъракаҳо низ ба ҳазлу шӯхӣ бартарӣ дода мешуд ва ҳуззол, афроди шӯху латифадон (гапчиҳо) болонишину соҳибэҳтиром буданду пайваста таҳсин мешуниданд.
Дар ҳар се-чор моҳ ба деҳаамон масхарабозҳо омада, ҳар гуна бозиҳои шавқбарангезу хандаовар мекарданду саҳначаҳои хандарез меоростанд. Деҳаро мавҷи ханда фаро мегирифт. Ман (чун рафиқонам) бо ҳавас ба ин ҳунарварони нишотовари мардум менигаристам ва медидам, ки ҳамдеҳагонам (ҳар яке) талош мекарданд, то аҳли ин дастаро (масхарабозонро) ба хонаашон бурда, зиёфат диҳанд. Дар ҷашнвораю тантанаҳои мактабиамон аз ҳама бештар онҳое, ки саҳначаҳои ҳаҷвӣ намоиш медоданд ё суруди ҳаҷвӣ мехонданд, шоиста кафкӯбию ситоиш мешуданд…
Мушоҳидаи ин ва дигар саҳнаҳои зиндагӣ дар он айёми нумуи орзую ҳавасҳо шавқу таваҷҷуҳи маро ба ҳаҷв бедор карду неру бахшид. Кӯдакона орзу мекардам, ки ҳиҷогӯйи моҳиру чарбзабон бошаму ҳамаро хандонам, дар маркази таваҷҷуҳи аҳли деҳа қарор дошта бошам, мардум эҳтиромам бикунанд, дар садри маъракаҳо ҷой бигирам, ҳамагон бо ҳавас ба сӯям бингаранд.
Он ҳангом ҳаҷв ба фаҳми ман танҳо ханда буд ва иртиботе бо танқиду масхараю таънаю таҳқир надошт. Батадриҷ чун аввалин нигоштаҳои ҳаҷвиям рӯи коғаз омаданду аз пайи амиқтар омӯхтани қавоиду махсусияту аҳдофи ин гуна осор шудам, ҳаҷв бозтобе густардатар дар фаҳму афкорам пайдо кард. Воқеан, нахустин навиштаи ман, ки дар матбуот роҳ ёфт, латифае буд дар маҷаллаи “Машъал”. Он вақт (соли 1971) даҳсола будам.
— Қаҳрамонҳои латифаву ҳаҷвияҳои шумо бештар воқеӣ ҳастанд. Оё касе аз онҳо то ба имрӯз худро шинохтааст? Агар ҳа, вокуниши ӯ ба шумо чӣ гуна буд?
— Ҳаҷви ҳақиқӣ бо воқеият пайванди устувор дорад, бозтоби бадеию вежаи рухдодҳои зиндагӣ ва рафтору кирдори одамон аст. Адиб сужаи асарашро, қаҳрамононашро дар заминаи мушоҳидаю бардоштҳояш аз ҳаёт меофараду дармеёбад. Аз ин ҷост, ки ҳолатҳои бо рафтору кирдори афроде мувофиқ омадани мазмуну муҳтаво ва сужаи асаре як амри муқаррарист. Дӯсти дерини ман, ҳаҷвнигори мумтоз Ҳакималӣ Назаралӣ нақл мекунад, ки чун як ҳаҷвияаш дар бораи мудири анбори муассисае чоп мешавад (ғоратгари амволи анбор), рӯзе марде ба суроғаш меояду гилагузорӣ ва ҳатто дӯғу даранг мекунад. Маълум мешавад, ки ӯ мудири анбор будаасту ҳамон хислатҳои ношоистаро доштааст (баъдтар атрофиёнаш ба Ҳакималӣ гуфтаанд) ва аҷиб он аст, ки номаш ҳам ба номи қаҳрамони ҳаҷвияи адиб мувофиқ будааст…
Вобаста ба ҳаҷвияҳоям бо ман ҳам ин гуна воқеаҳо ба вуқуъ пайвастаанд. Дар маъракае (чанд сол қабл) дар бораи дузанаҳо шеъри ҳаҷвӣ хондам. Пас аз анҷоми маърака ҷавонмарде маро ба канор кашида, гуфт:
— Ин шеърро ин ҷо хондӣ, майлаш, лекин дар китобу нашрияҳо чоп накун. Ман як зиёфат аз ту қарздор…
Вақте ки силсилаи шеърҳои ҳаҷвиям бо номи “Мактабнома” ба чоп расид (дар ин ашъор бепарвоию хунукназарии баъзе роҳбарони таълимгоҳҳо танқид мешуд), чанде аз шиносҳои деринам — роҳбарони мактабҳо риштаи дӯстӣ бо ман гусастанд…
— Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нафарони зиёде гӯё ба ҳаҷв сарукор доранд… Онҳоро пайгирӣ мекунед? Ва чӣ назар доред?
— Ҳаҷв неруи тавоност ва ҳиҷогӯй истеъдоду қобилияти баланд, диди амиқ, забони чарб, қазовати бунёдӣ ва ҷасорати вежа тақозо дорад. Аз рӯи ҳавою ҳавас, саҳлангорона ба ҳаҷв гаравидан фарҷоми нек надорад, ҳиҷогӯй худ ба мазоҳу масхара бармехӯрад. Аксар набиштаҳои ба ном ҳаҷвӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дойраи натафсонда панҷа заданро мемонанд, ҳаёҳуи беҳадафона, омиёнаанд ва низ қофиябозию таҳқири забон. Воқеан, бисёр нохушоянду танаффуровар аст, ки иддае қаламбадастон бо истифодаи вожаҳои забони ғайр ва корбасти ибораю ифодаҳои кӯчагию муғлақ ва дағалу қабеҳ шеъри ҳаҷвӣ месозанд, латифаҳо мебофанд. Ин амали номатлубро пешгирӣ бояд кард.
— Ҳунармандони ҳаҷвнигор аз он шиква мекунанд, ки касе нест, ки барояшон асар нависад. Оё нафаре аз аҳли ҳунар ба шумо муроҷиат кардааст? Ва умуман бо ҳунармандон ҳамкорӣ доред?
— Ба мушоҳидаи ман, ҳунарпешаҳои ҳаҷвнигори мо чандон гаравиш ба мутолиаи пайвастаю ҷустуҷӯйҳои адабӣ надоранд. Китобҳои ҳаҷвнависони кишварро кам варақ мезананд ва ошкортар бигӯем, аз осори ҳаҷвии адибони тоҷик ноогаҳанд. Ҳамкорию робитаи онҳо бо Иттифоқи нависандагон камранг аст. Аз ин рӯ, ҳар чӣ ба дасташон мерасад, ё аз касе пешниҳод мешавад, саҳнарезӣ мекунанд, бисёр мешавад, ки худ сужасозӣ мекунанду намоишномаҳои ҳаҷвие меофаранд, ки хеле сатҳию беҳадафанд ва саршор аз вожаю ибораҳои лаҳҷавию муғлақ ва дағал. Таҳқири забони ноби мост ин. Риштаи ҳамкории адибони ҳиҷогӯй ва ҳунарварони ҳаҷвнигор солҳо боз гусаста аст… Аз ин боб ҳар ду тараф бояд тадбир бошанд ба хотири рӯи саҳна омадани ҳаҷви ҳақиқӣ.
Се сол пеш дар маъракае ҳунарпешаи шинохтае, ки бо ҳаҷв сарукор дорад, ба ман гуфт, ки “ба асарҳои шумо таваҷҷуҳ дорам, онҳо мақбулам ҳастанд”. Ва шумораи телефони дастиамро гирифту гуфт, ки занг мезанам, ҳамкорӣ мекунем. То ҳол гӯшам пазмони садои занги телефони ӯст…
— Дар замони шӯравӣ жанрҳои ҳаҷвӣ хеле маъруфият доштанд ва аксари мансабдорон аз памфлету фелетонҳои “Хорпуштак” ҳарос доштанд. Чӣ бояд кард, ки ҳаҷв ба ҷойгоҳи собиқаш баргардад?
— Он ҳангом адибони хубу соҳибистеъдоди ҳаҷвнавис доштем, ба монанди Ҳоҷӣ Содиқ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Кӯҳзод, Бурҳон Ғанӣ, Баҳодур Файзуллоев, Ашӯр Сафар, Мирзо Файзалӣ…; дуюм, ба адибони танзнавис таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешуд; сеюм, аксари нашрияҳои даврӣ саҳифаи ҳаҷвӣ доштанд; чорум, роҳ ба ҳаҷвияҳои хому сатҳӣ ва дорои вожаҳои дағалу носуфта, лаҳҷавию бегона дар Садою Симои кишвар баста буд; панҷум, ҳунарпешаҳои бахши ҳаҷв як по дар Иттифоқи нависандагон доштанд, аз дӯстии самимӣ бо адибони ҳаҷвнавис ифтихор мекарданд; шашум, ҳар як асари ҳаҷвие (фелетон, памфлет, танқиднома…), ки дар иртибот ба рухдоди ношоистае ё рафтори худсаронаю зиёнбори шахси масъуле рӯи сафҳа меомад, ҳатман пайгирӣ мешуд, боиси тадбирҷӯию чораандешиҳо мегардид. Ҳамаи ин ба боло рафтани эътибору мавқеи ҳаҷв ва низ ба рушди он мусоидат мекард. Маҷаллаи «Хорпуштак», ки корзори ҳаҷв буд, даст ба даст мегашту ҳар нигоштаи ҳаҷвию танқидияш гуфтугузорҳои зиёде ва гоҳ ҳангомаҳое ба миён меовард. Ин замон он ҳама анъанаҳои деринро эҳё бояд кард. Ба тарбияи ҳаҷвнигорони ҷавон эътибори махсус бояд дод. Ташкили курс-конфренсияҳои ҳаҷвнигорони ҷавон, чопи китоби дастаҷамъии онҳо, эълони озмун барои ҳаҷвияҳои беҳтарин ва амсоли инҳо тадбирҳои натиҷабахш хоҳанд буд. Ба як сухан, ҳаҷви имрӯзи мо, ки чандон дурахши чашмгир надорад, ба тадбирҷӯиҳои самаровар ниёзманд аст.
— Шумо дар рӯзи 1-уми апрел, яъне Рӯзи ханда ба дунё омадаед. Дар ин рӯз одате ҳаст, ки бо дурӯғ ё ҳазл нафареро ба дом меафтонанд. Шумо чӣ хотирае аз ин рӯз доред?
— «Шумо, воқеан, дар Рӯзи ханда — 1-уми апрел ба дунё омадаед?». Ин суолест, ки борҳо дӯстону шиносонам ба ман додаанд. Ба онҳое, ки ҳеҷ бовар намекунанд, шиносномаамро нишон медиҳам. Хушнуд аз онам, ки баҳорзодаам ва дар рӯзе ба дунё омадаам, ки бастагӣ бо ханда дорад. Кӣ медонад, шояд ин як навъ фоне, ангезае, ҳидояте шуда, ки ман аз пайи ҳаҷв биравам…
Вобаста ба анъанаҳои Рӯзи ханда дар овони донишҷӯӣ боре як гурӯҳ дӯстонамро барои зиёфат ба ошхонае бо таъйини вақти муайян даъват кардаму худ ба зодгоҳам, назди волидонам рафтам. Дӯстонам дар он ошхона маро хеле интизор шудаанд ва ниҳоят, яке гуфтааст, ки охир, имрӯз 1-уми апрел — рӯзи фиреб аст-ку… Дигар ин «нағма»-амро такрор накардам. Бар он қазоват расидам, ки дурӯғу фиреб дар Рӯзи ханда ҳам бошад, амали норавост. Шояд ба хотири хушҳолию хандохандӣ баъзе шӯхӣ ё фиреби «сабук» кардан раво бошад.
— Ҳаҷв бо лаҳзаҳои зиндагӣ, рухдодҳо ва бо кайфияту рӯҳияи одамон иртибот дорад. Дар ин хусус сухани гуфтанӣ зиёд аст, вале афсӯс, ки суҳбати мо ҳам як қадар таъҷилӣ сурат меёбаду ҳам доираю вақти муайян дорад. Насиб бошад, боз вақте дигар аз ин боб идомаи суҳбат хоҳем кард.
— Намедонам, ин суҳбатамон то куҷо ҷолиб гардид, вале ҳамин ҳоло аз чӣ бошад, ки нуктаи ҳаҷвии зерин рӯшан дар зеҳнам шуд: «Ҳар қадар намоишнома бад бошад, ҳамон қадар буфети театр бурд мекунад». Ва боз ин нукта: «Дӯсти хубе доштам, гум кардам. Оҳ, чаро ман ба ӯ пул қарз додам-а?!».
Мусоҳиб Одил Нозир
Маълумотнома:
Абдурауф Муродӣ журналист, нависанда, шоир ва ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ. Беш аз 20 сол аст, ки дар нашрияи “Омӯзгор” фаъолият мекунад. Китобҳои насриву назмиаш «Дили гарм» (1997), «Ҷасорат» (1999) «Аз нешханд то нӯшханд» (1999), «Лутфи Худованд» (2000), «Шукуфти ғунчаи лабҳо» (2006) «Анори дона-дона» (2005), «Ману занам», “Пайкори мӯрон” (2017) ва “Атри гулбарг” (2018), «Мӯйлаб» (2009), «Чошнӣ» (2009) ва «Лутфи Худованд» (2000), “Чак-чаки борон” (2021) ва ғ. дастраси хонандагон шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ