Адиба: Мард саг нест, ки…. (Мардҳо нахонед!)

Мард саг нест, ки онро ба занҷири никоҳ ва масьулият бандед, ин як ҳақиқат аст, ки мард мисли хурӯс чун аз дарвоза берун шуд, моли ҳеҷ кас нест.

Бигзоред шавҳарони худро озод, бигзоред онҳоро ба ҳадде, ки ҳар ҷо ҳост биравад, ҳар вақт дилаш ҳост баргардад, аммо ба он гунае, ки парвозкунон ҷониби шумо биёяд ва танҳо дар оғӯши бидуни бозчуии шумо бихишти гумшударо дарёбад.

Шоираи тоҷик Адибаи Азиз дар ду матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук ба занҳои тоҷик як силсила машваратҳое додааст, ки дар сурати риояаш, ба ақидаи Адиба, шавҳаронашон ба Марди зиндагии онҳо табдил хоҳанд ёфт. Аввалин машварати Адиба ба занҳо ба шавҳаронашон озодӣ додан аст.

1

(Мардҳо лутфан наҳонед)

(Мардҳо лутфан нахонед)

Занҳои муҳтарам!
Бигзоред шавҳарони худро озод, бигзоред онҳоро ба ҳадде, ки ҳар ҷо ҳост биравад, ҳар вақт дилаш ҳост баргардад, аммо ба он гунае, ки парвозкунон ҷониби шумо биёяд ва танҳо дар оғӯши бидуни бозчуии шумо бихишти гумшударо дарёбад.
Мард саг нест, ки онро ба занҷири никоҳ ва масьулият бандед, ин як ҳақиқат аст, ки мард мисли хурӯс чун аз дарвоза берун шуд, моли ҳеҷ кас нест))) Ва боз мардон бо заноне, ки озодии онҳоро маҳдуд намекунанд, дергоҳ то вопасин нафасҳо зиндагӣ ба сар мебаранд. Онҳо ошиқи озодианд!

Агар шумо мехоҳед фазои ҳонаи шумо пур аз дуди ғализи рашк ва шак набошад, ҳеҷ гоҳ фейсбук, вайбер ва ватсаппи ҳамсари худро накушоед. Чӣ даркор аст ба назди равоншинос рафтан?)))
Фейс, вайбер ва ватсаппи худро ҳам аз назари ӯ дуртар нигоҳ доред, зуд-зуд паролҳои ононро иваз намоед. Чӣ лозим беэҳтиётӣ? Агар фишори мард баланд шавад, қаҳрашро паст кардан осон нест)
Ҳамроҳ бо мардони худ шатранҷ ва нардбозӣ биомӯзед, футбол ва муҳорибаҳои беқоида, бокс, сериёлҳои ошиқона, филмҳои таьрихӣ, детективӣ, ҷангӣ, мофиёӣ монанди » Водии гургон» тамошо кунед.

Гоҳ-гоҳ мошинронӣ ба шумо зиён намерасонад, шӯхӣ ба шӯхӣ калидро аз дасташ бигиред (агар дошта бошад))). Агар шумо мошин дошта бошеду ӯ майли нишастан ба пушти чанбарак намояд, ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ нашавед. Аз худ меравад ва ҳаққи шуморо зери по хохад кард. Бигзор ба трактори худ фармонраво бошад, зеро шумо ин аспи оханинро бо хуни ҷигар ҳаридаед, фақат шумо медонед қиммати аслии онро!
Фурсати гаронмоя ба тарбия ва таьлими фарзанд равона созед.
Беҳтараш шомгоҳон ҳамроҳи бачаи худ ба лаби дарё, боғу роғ, ҳавои тозаи кӯҳистон биравед ва ба шевае рафтор намоед, ки ӯ аз гум кардани шумо сахт битарсад. Бигзор ӯ битарсад, ки рӯзе ногаҳон шуморо аз даст медиҳад. Мегӯед, эҳҳе мардони мо хеле «нотарс» шудаанд))) Тарсро дар вуҷудашон тариқи ишқ, бидуни сиёсат ворид намоед. Ишқ бузургтарин сиёсат аст! Ҳароина ба ишон бифахмонед, ки у дар интихоб Озод аст. Марди зиндагии шумо ҳатман чунин формула: озоди+ боварӣ= эҳтиромро ба такрор дӯст медорад.

2

Чанд қоидаи тиллоӣ барои хонумҳо:

Ба ҳамсоягони худ фақат дар ҳадди салом ва хайр бошед. Онҳо дар бораи зиндагии хусусии шумо бояд иттилои камтарин биёбанд. Аслан ҳамсоя набояд даст рӯи набзи шумо бимонад.
Ҳеҷ гоҳ нисбат ба хоҳар, бародар ва бешак ба падару модари марди худ бадгӯиро раво набинед. Бигзор онҳо ҳар чӣ мехоханд бигӯянд, шумо болотар аз ин пастиҳо қарор бигиред.
Агар мард бо табъи нохуш вориди ҳона шуд, ҳарфе назанед, мисли моҳӣ барои овардани табақи моҳибирён ба ошҳона бишитобед.

Албатта, бехтарин роҳ ин аст, ки шумо дар муддати рӯз як бор ҳамроҳ дар қахваҳона мисли ошиқу маьшуқ фармоиш диҳед. Аммо шом агар таоми гарми ҳона бо хӯришҳои болаззат, бо нӯшобаи олуча ҳамроҳи як пора ях ва.., бо муҳаббат омода шавад, хеле хуб аст.
Либосҳои ӯ бояд ҳамеша тоза ва утукарда ба назар бирасанд, ҳатто агар шумо бо ҳам қаҳрӣ бошед.
Дигар ин, ки ҳеҷ гоҳ ҷайби ӯро накобед, беиҷозат ба зангҳои мобайлаш ҷавоб надиҳед, ахлоқи шумо дар ҳамин ду худдорӣ иньикос мегардад. Вале асноди муҳими зиндагии муштаракро бояд бидонед.
Шахсан ман ҳам талош меварзам, ин қоидаҳоро риоя намоям))

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *