Боздошту мусодираи арақи худсохт дар Душанбе

 

Кормандони шӯъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани як амалиёт аз шаҳрванди П. А. соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, миқдори зиёди арақи худсохтро боздошт кардаанд. Дар ин бораи Маркази матбуотии ин ниҳод иттилоъ медиҳад.

Бино ба маълумоти ин ниҳод Шаҳрванд П. А. 10 қутти машруботҳои спиртии тамғаи «Шоҳона» навъи «Хлебная» ба миқдори 52 адад ва «Платинум» ба миқдори 62 адад, ҷамъ 114 адад бо ғунҷоиши як адад шиша 0,5 литр, ки бо тариқи худсохт тайёр шуда буданд аз манзили муваққатан истиқомат менамудааш, воқеъ дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе ба бордони нақлиёти тамғаи «Мерседес Бенс», рақамҳои қайди давлатиаш ТJ 25 — 66 СР 01 ҷойгир намуда, ба маҳаллаи Воданасоси шаҳри Душанбе интиқол медиҳад. Шаҳрванд П. А. арзиши як адад арақи тамғаи «Шоҳона Хлебная» — ро 14 сомонӣ ва арзиши як адад арақи тамғаи «Шохона Платинум» — ро 20 сомонӣ, ҷамъ 1 ҳазору 968 сомонӣ нархгузори намудааст.

Мувофиқи хулосаи Хадамоти назорати давлатии санитарию — эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳсулотҳои озмоишуда, аз рӯи нишондодҳои намуди зоҳирӣ, қувватнокӣ ва дараҷаи ғизлати алдегит ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёри техникӣ мутобиқ набуда, истеъмоли чунин маҳсулот ба саломати зарар дорад. Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд П. А. ва дигарон бо моддаҳои 209 қисми 1 ва моддаи 294 қисми 2 – и банди «а» ва «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *