Рустами Эмомалӣ иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ ифтитоҳ намуд

Дар доираи тадбирҳо бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳраки 104-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ  ифтитоҳ гардид, ки пурра бо шароити мусоид барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакон таъмин мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд  Иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ барои сокинони шаҳраки 104-уми ноҳияи Синои пойтахт ҳамчун туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Соли ҷавонон ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур аз майдончаи универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхушии кӯдакон муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, нишастгоҳҳо барои истироҳату фароғати сокинон, айвон барои гузаронидани расму анъана, чорабиниҳои оммавӣ ва нишасткурсиҳои сершумор дар атрофи майсазор иборат буда, он дар масоҳати 5792 метри мураббаъ доман паҳн кардааст.

1(2)
Зимни шиносоӣ бо шароити ин иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сифати корҳои иҷрогардида таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид дошт, ки ин ва дигар иншооти сохташавандаи пойтахт, ки барои истироҳату фароғати сокинони шаҳр ва махсусан бобати ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим фаро гирифтани наврасону ҷавонон пешбинӣ гардидаанд, бояд солҳои зиёд ба мардум хизмат расонанд.
Иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ бо назардошти тамрини нафарони дорои имконияти маҳдуд бунёд гардида, минбаъд дар он ин табақаи ҷомеа низ ба тамрин машғул мешаванд.
Дар рӯзи ба истифода додани иншооти мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба варзишгарони дорои имконияти маҳдуд туҳфаҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе тақдим гардид.

002 (1)
Бояд зикр кард, ки иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ   тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Сементи тоҷик» бо маблағи беш аз як миллиону 50 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Бо бунёди ин ва дигар иншооти варзишӣ ва фарҳангию  фароғатӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе дар баробари фароҳам омадани шароити арзандаи истироҳату фароғати сокинон, тамрину ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон ва бозию дилхушии кӯдакон гӯшаҳои гуногуни пойтахт ободу зебо мегарданд, ки ин аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ мебошад.

3(6)

Бознашр аз Ховар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *