Афсари рус 4 сол ҳабс шуд
Додгоҳи шаҳри Березовскии Русия як афсари 37- солаи пулисро барои паррондани як шаҳрванди Тоҷикистон 4 сол равонаи зиндон кардааст.
Торнамои uralinform.ru мегӯяд, ҳукми додгоҳ имрӯз, 28 сентябр содир шуд ва афсари пулис чор солро дар зиндони умумӣ пушти сар мекунад.
Ин афсари пулис шаби 30 июни соли равон дар назди истгоҳи “Максим Горкий” дар ҳолати мастӣ аз ду муҳоҷири тоҷик ҳуҷҷат мепурсад. Яке аз муҳоҷирон фирор мекунад, дуввумӣ ҳадафи тири пулис қарор мегирад: “Ҷабрдида аз зарби тир дар сар ҷароҳат мебардорад”.
Манбаъ мегӯяд, пас аз рух додани ҳодиса дар шӯъбаи минтақавии пулис тафтишоти дохилӣ гузаронида, ӯро аз мақом барканор кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ