«Истиқлол» «Бенгалуру»-ро 1:0 шикаст

Чемпиони шашкаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар вохӯрии аввалини байниминтақавии финали Ҷоми КФО-2017 дастаи «Бенгалуру»-Ҳиндустонро дар ҳузури 15 ҳазор мухлис мағлуб намуд.

Футболбозони тоҷик дар ин вохӯрӣ, ки бегоҳии 27 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба дарвозаи футболбозони ҳинду 1 тӯб ворид намуда, ғолиб омаданд. Голи ягонаро дар дақиқаи 27-ум легионери руси  даста Дмитрий Барков аз партофти Фатҳулло Фатҳуллоев ба зад.

Вохӯрии ҷавобии «Истиқлол»  бо «Бенгалуру» 18 октябр дар Ҳиндустон барпо мешавад. Агар душанбегиҳо дар ин дидор низ дастболо шаванд, дар финали Ҷоми КФО-2017 бо ғолиби порсолаи Ҷоми КФО дастаи  «Эйр Форс»-и Ироқ сар ба сар мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *