Ҳафтумин гумонбари таркиш низ аз ОМ аст
Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия гумонбари ҳафтум дар фаъолиятҳои террористӣ боздошт шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад. Кумита мегӯяд, боздоштшудаи ҳафтум низ мисли шаш гумонбари пешин зодаи Осиёи Марказӣ аст.
Ба иттилои тафтишот, гумонбарон аз ноябри соли 2015 ба ин сӯ дар ҳудуди Санкт-Петербург ба ҷалби ҷангҷӯён барои анҷоми ҷиноятҳои террористӣ ва пеш бурдани фаъолияти созмонҳои террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» ва «Давлати исломӣ» машғул буданд. Ба ҷуз ин, боздоштшудаҳо асосан зодаҳои Осиёи Марказиро ба фаъолият дар ташкилотҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, аз ҷумла дар ҳудуди давлатҳои хориҷ, ҷалб мекарданд.
Дар ҳоли ҳозир масъалаи ҳабс ва эълон кардани айб нисбати онҳо ҳал мешавад.
Кумитаи тафтишотии Русия пештар хабар дод, ки Акбарҷон Ҷалилов, зодаи 22-солаи Қирғизистон худро дар қатори метрои Петербург мунфаҷир кард. Таркиш дар метрои Петербург 3 апрел рух дод. Шумори қурбониёни ин таркиш ба 14 нафар расида, 55 тани дигар захмӣ шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ