Афзоиши хушунат алайҳи мардон
Давоми 6 моҳи соли 2024 дар қаламрави кишвар 1 ҳазору 569 шикоят аз хушунати хонаводагӣ сабт шудааст. Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 ҳолат зиёд аст.
Гуфта шуд, ки шикоятҳо оид ба зӯроварӣ 1 ҳазору 291 муроҷиат аз ҷониби мардон ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳолат зиёд аст. Аз ҷониби занҳо бошад, 278 шикоят ворид гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 ҳолат бештар аст.
Вале раиси Кумитаи занҳо мегӯяд, ки ин омор вазъи воқеиро инъикос намекунад. Ӯ чанд далелеро номбар кард, ки боиси шикоят накардани занон аз зӯровариву шикоят аст. Аз ҷумла тарс ва камсаводӣ боиси он мешавад, ки занон алайҳи хушунати оилавӣ ҷое шиква набаранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ