Афзоиши рекордии талоқ дар вилояти Хатлон

Дар даҳ моҳи соли 2022 дар вилояти Хатлон кам не, 3 ҳазору 54 ақди никоҳ бекор карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 393 ҳолат зиёд мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки давоми сол 21 ҳазору 163 ақди никоҳ баста шудааст.

Аз шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки аз ҳама бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб (255 ҳолат), Кӯшониён (250 ҳолат), Ёвон (247 ҳолат) ва Абдураҳмони Ҷомӣ (195 ҳолат) ақди никоҳ бекор карда шудааст.

Аз шумораи умумии ҷудошавии оилаҳо 2 ҳазору 528 ақди никоҳ бо қарори суд бекор карда шудааст. Боқимонда бо розигии ҳамсарон ва бо аризаи яке аз ҳамсарон ақди никоҳи хешро бекор кардаанд.

Мутаассифона, аз 3 ҳазору 54 ҳолати ҷудошавии оилаҳо 3 ҳазору 490 кӯдаки ноболиғ аз тарбияи яке аз волидон маҳрум мондаанд. Аз ҷамъи умумии кӯдаконе, ки падару модарашон аз ҳам ҷудо шудаанд, 3 ҳазору 404 кӯдак дар тарбияи модар ва 86 нафари дигар дар тарбияи падаранд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *