Афзоиши содироти хушкмева ба Русия
Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт” бо ширкати русиягӣ ҷиҳати содироти маҳсулоти кишоварзӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
— Созишномаи ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт”-и назди Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати «Торгово-закупочная сеть — Сибирь» ҷиҳати содирот намудани маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ба имзо расонида шудааст,- иттилоъ додааст Агентии содироти Тоҷикистон.
Аз ҷумла ба минтақаи Сибири Русия пиёз, сабзӣ, карам, меваи тару тоза ва хушк, инчунин маҳсулоти тайёри ғизоӣ, бахусус шарбатҳои табиӣ ва афшураҳои меваҷот содирот мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ