Қатъи муваққатии ҳаракати нақлиёт дар шарқи хиёбони Бобоҷон Ғафуров

Шаҳрдории Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро огоҳ кардааст, ки бинобар сабаби оғози корҳои сохтмонӣ аз 18-уми март дар қисмати шарқии хиёбони Бобоҷон Ғафуров аз пул — гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ дар иншооти «Азнавсозии хиёбони Бобоҷон Ғафуров (аз хиёбони Ҷаббор Расулов то кӯчаи Алишери Навоӣ)» амалӣ шуда истодаанд.

— Бинобар сабаби оғози корҳои сохтмонӣ дар қисмати шарқии хиёбони Бобоҷон Ғафуров аз пул — гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ муваққатан қатъ карда мешавад,- таъкид кардааст шаҳрдорӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *