Агентӣ ҳамроҳ бо аҳолӣ хавфи коррупсияро таҳлил мекунад

Агентии мубориза бо коррупсия ба таҳлили хафвҳои коррупсионӣ дар идораҳои давлатии Тоҷикистон шурӯъ мекунад ва дар марҳалаи аввал 10 вазоратро интихоб кардааст.

Агентӣ аз ҷомиаи шаҳрвандӣ хостааст, то маълумоту пешниҳодҳои худ дар бораи кори ин вазоратхонаҳоро ироа кунанд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки 10 вазорату идораи давлатиро барои гузарондани таҳлили фаъолият ва хафвҳои коррупсионӣ интихоб кардааст. Барои анҷоми ин таҳлилҳо дар Агентӣ гурӯҳҳои махсуси баҳодиҳии хафви коррупсия ташкил кардаанд.

Агентии мубориза бо коррупсия хафвҳои коррупсионӣ дар 6 вазорат — вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, вазорати маориф ва илм, вазорати молия, вазорати рушди иқтисод ва савдо, вазорати кишоварзӣ – ва 4 кумита – кумитаи занон ва оила, кумитаи ҷавонон ва варзиш, кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва кумитаи телевизион ва радио – хоҳад санҷид. Аз ин шумор вазоратҳои тандурустӣ, маориф ва молия ва кумитаи амволи давлатӣ дар гузоришҳои мақомоти расмӣ бештар дар байни идораҳои аз ҳама фасодзадаи ҳукумати Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон методология ташкил ва гузарондани таҳлили хафвҳои коррупсионӣ дар идораҳои давлатиро 28 октябри соли 2016 қабул кардааст.

Агентӣ мегӯяд, ин таҳлилҳо се давраро дар бар гирифта, «барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ, зарур аст, ки таҳлили муносибати мутақобилаи вазорату кумитаҳои интихобшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷамъоварии маълумот гузаронида шавад.”

Агентии мубориза бо коррупсия аз намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ низ хостааст, ки ба ин маъракакумак кунанд: «Аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар вазорату кумитаҳои интихобгашта, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли онҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронии «[email protected]» ва ё ба рақамҳои масъулони Агентӣ, ки дар рўихат оварда шудаанд, пешниҳод намоянд.”

Мақомот Ному насаб Тел:
1 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Ш. 234-91-04

880006380

2 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбарзода Н. 234-91-05

880006382

3 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Ҳ. 234-95-36

880006383

4 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддинзода М.А. 234-30-51

880006384

5 Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибуллозода И. 234-91-05
6 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ А. 234-30-51

880006389

7 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Ф. 234-68-59

880006392

8 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисайнзода А.П. 234-91-05
8 Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинамаҳмадзода П.О. 234-95-36

880006337

10 Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Н. 234-68-59

880006390

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *