Садама дар Осоишгоҳи “Баҳористон”, 2 мурдаву 1 захмӣ

Бино ба иттилои ВКД санаи 19.07.с.2017, тахминан соати 03:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи  “Опел-Астра”, зани 23-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат  дар ҳудуди Осоишгоҳи “Баҳористон”-и ҳамин шаҳр, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа кардааст.

Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ худи ронанда ва мусофири он зани 21-солаи сокини ш.Хуҷанд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дигари автомашина зани 24-солаи сокини ш.Хуҷанд, дар беморхона қарор дорад.

Таҳқиқи ин қазия идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *