Бозгашти Ҳабибуллоев ба “Регар-ТадАЗ”

Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз иттилоъ дода, ки мураббии маъруфи футболи тоҷик Маҳмадҷон Ҳабибуллоев бо гузашти чор сол дубора сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ” таъйин гардидааст.
Алишер Ҳақбердиев, ки то омадани Ҳабибуллоев сармураббигии “Регар-ТадАЗ”-ро ба зимма дошт,  ба гурӯҳи мураббиёни ин даста шомил карда шуд.

Дар дувоздаҳ соле (2001-2013),  ки Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии дастаи “металлургҳо» буд, “Регар-ТадАЗ” шаш маротиба чемпиони Тоҷикистон, се маротиба барандаи Ҷоми президенти АФК ва чандин маротиба барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд.

Пас аз ин Ҳабибуллоев давоми солҳои аз “Регар-ТадАЗ” дар канор будан сармураббии дастаҳои “Далерон”-и Истаравшан, “Равшан”- и Кӯлоб ва “Ҳосилот”-и Фархор кор кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *