Академияи илмҳо ҳисоботи солонаашро дод

16 – уми декабри соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси умумии солона бо иштироки аъзои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорон ва муовинони директорҳо, котибони илмӣ, кормандони илмии муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, президентҳои Академияи илмҳои соҳавӣ, вазорату муассисаҳои давлатии дахлдор ва ВАО баргузор гардид.

Дар Маҷлиси умумии солона ҳисоботи президентиАкадемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ – ташкилии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 шунида ва муҳокима карда шуд.

Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо хабар дод, ки академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки фаъолияти Академияи илмҳо дар соли 2016 тибқи супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақшаи кории ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 4 маҷлиси умумии АИ ҶТ, 5 маҷлиситантанавии АИ ҶТ, 5 ҷаласаи васеъ ва 30 ҷаласаи Раёсати АИ ҶТ баргузор карда шуд.

Соли 2016 ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2584 ҳуҷҷат, аз ҷумла 161 Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 фармоишҳои Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, 626 супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 805 мактубҳо аз вазорату идораҳоигуногун ва 849 мактуб аз муассисаҳои илмии зертобеи Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, ворид гардиданд. Аз ин шумора 261 ҳуҷҷат барои маълумот пешниҳод гардидааст, киин аз ҳамин давраи соли 2015 800 адад зиёд аст.

Муассисаҳои илмии Академияиилмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2016 64 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 4 симпозиуми байналмилалӣ, 1 форуми байналмилали, 8 конференсияи илмии байналмилалӣ, 30 конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ, 4 сессияи илмӣ, 10 семинари илмӣ ва 5 мизимудаввар доир намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд аст.

Олимон ва мутахассисониАкадемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беш аз 300 конференсияҳо, симпозиумҳо,семинарҳо ва машваратҳои илмӣ иштирок ва бо гузоришҳои илмӣ баромад намуданд.

Дар соли 2016 аз ҷониби олимонимуассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 143 китобу монография, 1733 мақолаҳои илмӣ дар дохили кишвар 318 мақолаҳои илмӣ дар хориҷи кишвар ва 300 вокуниш ба ВАО ба нашр расонида шуд.

Дар соли 2016 олимони Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рўйи 96 мавзўъ, азҷумла  64 мавзўи илмӣ – таҳқиқотии бунёдӣва 32 мавзўи амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Дар муҳокима оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ – ташкилии АИ ҶТ дар соли 2016 ва вазифаи дар соли2017 академикҳои АИ ҶТ Ҳ. Ҳисориев, М. Диноршоев, Н. Қаюмов ва узвивобастаи АИ ҶТ З. Раҳмонов баромад намуда, фаъолияти илмӣ ва илмӣ – ташкилии АИ ҶТ дар соли 2016 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар Маҷлиси умумии солонаи АИ ҶТ Сардори раёсатиилм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Дафлатзода ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, андешаҳояшонро оид бафаъолияти илмӣ ва илмӣ – ташкилии АИ ҶТ иброз доштанд.

Дар охир Маҷлис ба 10 олими ҷавон диплом ва ба 25 кормандони Академияи илмҳо Ифтихорномаи АИ ҶТ супорида шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *