Акнун фақат ҳуқуқшиносон корманди ЗАГС мешаванд
Вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, ки ҳамаи кормандони идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС бояд соҳиби маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ бошанд. Рустами Шоҳмурод рӯзи 17-уми май дар порлумон далели ин пешниҳодро «ёрии ҳуқуқии босамар» номид. Вай гуфт, «ин талабот қаблан нисбат ба мудирони шӯъбаҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷорӣ шуда буд. Бо дарназардошти онки қисми зиёди кормандони мо тахассуси олии ҳуқуқшиносӣ надоштанд, мо ба онҳо имкон додем, ки ба мактабҳои олӣ шомил шаванд. Имрӯз аксари кулли мудирони шӯъба ва бахшҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳуқуқшиносанд.” Рустами Шоҳмурод дар порлумон гуфт, баъд аз мавриди иҷро қарор гирифтани қонун аз кормандоне, ки ба шӯъбаҳои САҲШ ба кор меоянд, ин талабот ҳатман пурсида мешавад. Ба гуфтаи вазири адлияи Тоҷикистон, «ба хизматчиёни давлатӣ пешниҳод карда мешавад, дар мактабҳои олии ҳуқуқӣ ҳуҷҷат супоранду хонанд. Зеро ки ҳангоми аттестатсияи мутахассисон яке аз масъалаҳо доштани таҳсилоти олии ҳуқуқӣ мешавад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ