Антониу Гуттериш, Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон меояд

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш нимаи моҳи июн ба кишварҳои минатқаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон  сафар анҷом медиҳад.

Дар ин бора ВАО-и Ӯзбекистон бо такя ба гуфтаҳои роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Петко Драганов дар ин бора маълумот додаанд. Ба гуфтаи ӯ, маркази таҳти раҳбариаш қарордошта ташаббускори сафари Дабири кулии СММ ба ҳамаи панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, то ки ба мушкилоти минтақа дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир шавад.  Драганов қайд кардааст, ки тӯли давраи сипаришуда Марказ оид ба масъалаҳои муҳими таъмини амнияти минтақавӣ даҳҳо семинару мизҳои гирди байнулилалӣ доир намуда, ҳамчунин дар соҳаи дипломатияи боздоранда беш аз 1 ҳазор нафар мутахассисон омода кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *