Акнун нархҳоро давлат назорат мекунад
Дар Тоҷикистон минбаъд нархи 16 маҳсулоти ниёзи аввали мардумро мақомот таъйин хоҳанд кард.
Қарори мазкур таҳти рақами 287 рӯзи 31-уми май имзо шуда, «Дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд» ном дорад
Тибқи қарор, нархи 16 навъи «маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ» таҳти танзими давлатӣ қарор мегирад:
- Орд (навъҳои 1 ва 2)
- Нон (аз орди навъҳои 1 ва 2)
- Маҳсулоти макаронӣ
- Гандум
- Биринҷ
- Картошка
- Сабзавот: сабзӣ, пиёз, карам
- Қанди сафед, шакар
- Равғани растанӣ: равғани пахта, офтобпараст ва маска
- Маҳсулоти ширӣ: шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог
- Наск, нахуд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав
- Гӯшт: гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мурғ
- Тухми мурғ
- Намак
- Чой: навъи сабз ва сиёҳ
- Ғизои кӯдаконa
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ