Ниҳонӣ: Қалъаи Муғтеппа

 

Қалъаи Муғтеппа яке аз ёдгориҳои қадимтарин дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ба ифтихори ҷашни Ваҳдат тамир ва азнавсозии он имрӯзҳо идома дорад. Шеъри Ниҳонӣ эҷолатан ҳангоми боздиди ин шоири тозасухан аз Қалъа эҷод гаштааст. Масоҳати ободкорӣ дар ин Қалъа ҳудуди 7 гектар заминро ташкил медиҳад. Минбаъд, баъди барқарорсозӣ ин минтақа ба маркази фарҳангию маърифатӣ ва сиёсии шаҳри Истаравшон табдил меёбад. Муғтеппа минбаъд ба макони ҷашн гирифтани  Наврӯзи ниёгон ва зиёратгоҳи меҳмонони дохил ва хориҷи кишвар хоҳад шуд.

 

   

Истаравшан — худ ишора ҳаст аз бигзаштагон,

Қалъаи Муғтеппа бошад аз ниёгон як нишон.

Шоҳид аст ин шаҳрак аз таърихи аҷдодони мо,

Рӯ бизад аз ҷустуҷӯи насли инсон он замон.

Муғтеппа файзи истиқлолу пайки Ваҳдат аст,

Тоҷикистон дар канори ин замин як ҷаннат аст.

Бостонҷӯён, муаррихон, бимон, ҷӯё шаванд,

Атласу Роҳи бирешим ҳаст марзаш з-ин макон.

Кард Ваҳдат ҷамъ мардумро чу дар оғӯши хеш,

Гашт Ваҳдат балки рамзи дӯстии тоҷикон.

Муғтеппа – пайки озодию истиқлоли мо,

Ваҳдат ин сарҷамъию ҳам бахту ҳам иқболи мо.

Муждаи осорҳо гӯянд аз халқи куҳан,

Мерасад осорҳо бар мо зи даврони каён.

Пайки истиқлол моро мебарад то қарнҳо,

Пешво омад ба бахти мо зи лутфи Ломакон.

Муғтеппа файзи истиқлолу пайки Ваҳдат аст,

Тоҷикистон дар канори ин замин як ҷаннат аст.

Ин ҳама осор аз ойину аз фарҳанги мо,

Доштем осорҳо дар ҳар макон, дар ҳар замон.

Инқилоб аз зулми золим доштанд аҷдоди мо,

Шоҳидаш дарёфти пайкону ҳам тиру камон.

Муғтеппа – пайки озодию истиклоли мо,

Ваҳдат ин сарҷамъию ҳам бахту ҳам иқболи мо.

Мардуме, ки н-оварад ӯ ёд аз таърихи хеш,

Ӯ бимонад то абад аз дидаву дилҳо ниҳон.

Эй Ниҳонӣ, шукр аз ин давлату савлат кунем,

Монда андар партави Ваҳдат ҳамеша ҷовидон.

Муғтеппа файзи истиқлолу пайки Ваҳдат аст,

Тоҷикистон дар канори ин Замин як ҷаннат аст.

 

                                                       

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *