Дарвозаи Зарафшон  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини  он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем”.

Меҳнаткашони ноҳияи Айнӣ аҳлона меҳнат карда, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ  ва рушди иқтисодиёти ноҳия  корҳои назаррасро анҷом додаанд. Соли 2012  бинобар рушди саноат ва аз ноҳияи аграрӣ ба ноҳияи саноатӣ ва металлургӣ гузаштан, ноҳия аз субвенсияи давлатӣ (дотатсия) баромад. Корхонаҳои саноатӣ, аз қабили КМТА “Анзоб”, кони ангишти “Фон-Яғноб”, ҶДММ “Ширкати металлургии Анзоб”, ҶДММ “Комбинати металлургии  “Тоҷик”, ҶДММ “Талко-Ресурс”  пурра фаъолият намуда, буҷетро ғанӣ ва ҷойҳои кориро ба маротиба зиёд намуданд. То оғози  соли 2018  зиёда аз 22500 нафар шаҳрвандони ноҳия дар соҳаҳои гуногун ба кор таъминанд.  Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2000 ҳамагӣ 0,9 миллион сомониро ташкил мекард, дар соли 2015 бошад, истеҳсоли маҳсулот ба 262,9 миллион сомонӣ расонида шуд. Истеҳсоли маҳсулот дар Корхонаи  муштараки Тоҷикистону Амрико “Анзоб” дар панҷ моҳи соли равон  144540, 0 ҳазор  сомонӣ ва истеҳсоли консентрати 30 фоизаи сурмаю симоб ба 23235,9 тонна расонида шуд. Дар баробари пешрафти кори истеҳсолот, шумораи ҷойҳои корӣ  афзуда, дар ин корхона 893 нафар сокини ноҳия ба ҷои кори доимӣ таъминанд.

Ба кор даромадани Ширкати металлургии “Анзоб” боиси боз ҳам зиёд гаштани ҷойҳои кории холӣ шуда, ҳоло зиёда аз 126 нафар  шаҳрвандон ба ҷои кор таъминанд. Солҳои зиёд маҳсулоти истеҳсолкардаи Комбинати маъдантозакунии “Анзоб”  нимтайёр дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Чин коркард мешуд. Ҳоло бошад, ширкати металлургӣ  коркарди даври дуюмро амалӣ намуда истодааст. Дар соли 2018  ширкат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро  ба 104463,9 ҳазор сомонӣ расонида, 50,89 тонна, металли сурма истеҳсол кардааст.

Ноҳия  70% истеҳсоли ангишти ҷумҳуриро таъмин менамояд. Дар асоси гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ  ба ҳисоби мутахассисон  захираи ангишти ҳавзаи “Фон-Яғноб” 1,2 миллиард тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ноҳия калонтарин корхонаҳои истихроҷи ангишт:  КФ “Шахтаи Фон-Яғноб”, ҶДММ “Талко-Ресурс” ва ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик” ба шумор мераванд. Ширкатҳои ба истихроҷи ангишт машғулбудаи ҳавзаи “Фон-Яғноб” соли 2016 истихроҷи ангиштро ба 1 миллиону 114 ҳазор тонна расониданд. Ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 381827 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 113,2  фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз он дар корхонаи фаръии кони ангишти “Фон-Яғноб” истеҳсоли ангишт ба таври аслӣ ба 207150,8 тонна расонида шуд. ҶДММ “Талко-Ресурс” бошад, дар 5 моҳи соли 2018, 78671, 7 тонна ангишт итеҳсол намудааст. Ҳамзамон, ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик” ба таври аслӣ 96004 тонна ангишст истихроҷ  намуда, ба корхонаҳои ватанӣ додааст.

Маълумотнома

Ноҳияи Айнӣ 23 ноябри соли 1930 ташкил ёфта, 97%  фоизи онро кӯҳсор ташкил медиҳад. Масоҳаташ 5, 2 ҳазор км (кв) мебошад. Ба 1.01.2018 аҳолии ноҳия 80222 нафар аст.  Ноҳия аз ҳафт ҷамоати деҳот ва як ҷамоати шаҳрак иборат буда, ноҳияи агросаноатӣ ва  металлургӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак 20 адад дастгоҳҳои адрасу атласбофӣ, ва 25 адад дастгоҳҳои хурди қолинбофӣ насб карда шуда, зиёда аз 130 нафар занону духтарон ба ҷои кор таъмин шуданд. Бо дастгирии МИҲД-и ноҳия  духтарон ва занони бекори хонашин ба марказҳои омӯзишии касбӣ  дар шаҳри Хуҷанд, ноҳия Б. Ғафуров ва ТҶҶ “Кӯҳсор”-и маркази ноҳия ба омӯзиш фаро гирифта, ба онҳо  касбу ҳунарҳои гуногун омӯзонда шуд. Ҳоло маҳсули дасти онҳо,  аз қабили курта, миёнбанд, тоқӣ, ҷома, гилем, намад ба фурӯш бароварда мешавад. Дар баробари рушди корхонаҳои саноатӣ, вазъи иҷрои буҷет низ хеле беҳтар гардид. Қисми даромади буҷет  дар соли 2000 аз рӯи нақша 639,9 ҳазор сомонӣ,  иҷрои он 704,6 ҳазор сомонӣ буд, ки  110,1 фоизи нақшаро ташкил медод. Қисми хароҷот  бошад, дар ҳамон сол 639, 9 ҳазор сомонӣ, иҷро 704,7 ҳазор сомонӣ, ки 110,9 % фоизро ташкил медод.

Дар панҷ моҳи соли равон, буҷети ноҳия ба андозаи 135,5 фоиз иҷро гардид. Ҷамъи воридоти андозҳо  (бе андози иҷтимоӣ) дар ин давра аз рӯи нақшаи 23934,6 ҳазор сомонӣ иҷроиш бошад, 34276,8 ҳазор сомонӣ, ки 143,2 фоизро ташкил медиҳад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 42067,0 ҳазор сомонӣ муайян шуда, иҷрои он 128% фоиз мебошад. Қисми хароҷоти буҷет дар ҳамин давра (5 моҳи соли 2018) 21024, 3 ҳазор сомониро дар бар гирифт, ки ҳамагӣ 95,3 фоиз иҷро гардидааст. Дар даврони соҳибистиқлолии Ватан Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то ба имрӯз ба ноҳия зиёда аз шаш сафари корӣ ва расмӣ анҷом дода, зимни сафарҳои худ  навоварии зиёдеро ба миён гузоштаанд.

Сарваре, ки суханонаш ба амалаш як аст, барои мардуми замоне дар азоби ағбаҳои душворгузармонда нақбу роҳҳои ҳамвор бунёд кард. 27 октябри соли 2012 воқеаи таърихии гӯшношуниди дигар, кушодашавии нақби “Шаҳристон” ва оғози азнавсозии роҳи Айнӣ-Панҷакент бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Ормону орзуҳои чандинсолаи мардуми Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшид ва 18 октябри соли 2015 ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент дар давраи таърих сабт гардид. Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат  илҳом гирифта, аз ҳисоби маблағҳои маҳаллӣ ва дастгирии бевоситаи шахсони саховатманд зиёда аз 60 км роҳҳои байни деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ба номи Айнӣ, “Дар-Дар”, “Урметан” — ро мумфарш намуданд.

Агар дар соли 2000 барои корҳои сохтмонӣ ҳамагӣ  4,2 миллион сомонӣ сарфа шуда бошад, пас дар соли 2015 262,9 миллион сомонӣ барои бунёд ва таъмири инфрасохтор сарф карда шудааст.  Дар соли 2013 то соли 2017 зиёда аз 70 иншооти нав таъмир  ва азнавсозӣ шуданд. Дар муддати чаҳор соли охир беморхонаи марказии ноҳия, қисман аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, зиёда 12  марказҳои саломатӣ  азнавсозӣ шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон, ду адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ харидорӣ шуда, дар деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти “Урметан” сохтмони бинои нави замонавии беморхона идома дорад. МИҲД-и ноҳия ба рушди соҳаи маориф диққати махсус зоҳир намуда, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби маблағҳои маҳаллӣ, дастгирии соҳибкорону корхонаҳо ду мактаби калони замонавӣ дар деҳаҳои Пасруди Ҷамоати деҳоти “Фон-дарё” ва “Куруд” — и Ҷамоати деҳоти ба номи Айнӣ бо ҳама таҷҳизоти ба замона ҷавобгӯ сохта, ба истифода доданд. Дар ҳамин давра 8 адад синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаи дурдасти ноҳия  сохта ба истифода дода шуд. Сохтмон ва таъмири ҳафт варзишгоҳ бо дастгирии МИҲД-и ноҳия ва соҳибкорон ба анҷом расонида, мавриди истифода қарор дода шуд. Клубу китобхона, хонаҳои фарҳанг, ёдгориҳои таърихӣ давра ба давра азнавсозӣ ва таъмир шуда истодаанд. Тайи се соли охир зиёда аз 10 кӯпрукҳои душворгузар азнавсозӣ ва таъмир карда шудаанд.

Соҳаи афзалиятноки ноҳия кишоварзӣ мебошад. Дар ноҳия се адад хоҷагиҳои давлатӣ, 1001 адад фермерӣ, 40 адад коллективӣ ва 12564 нафар саҳмдорон асосан ба боғдорӣ, кишти картошкаву сабзавот  ва ғаллакорӣ машғуланд. Заминҳои корам 2849,5 га, аз он 2299,8 гектарро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Дар соли 2000 кишоварзони ноҳия  дар майдони 2820 га кишт гузаронида, 875 тонна ғалла,1263 тонна картошка, 926 тонна мева ба даст оварданд. Соли 2017 бошад, кишоварзон дар майдони 2873 га кишт карда, 4220 тона ғалла, 10928 тонна картошка, 2393 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд.

Дар панҷ моҳи соли равон кишоварзони ноҳия ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро ба 15284,5 ҳазор сомонӣ расониданд, ки нисбати соли гузашта 1890,5  сомонӣ зиёд буда, 114,2 % ташкил медиҳад. Аз аввали сол дар майдони 7,11 га боғи нав бунёд карда шуда, 2,2 га боғҳои куҳна  коркард шуда, ба ниҳолҳо пайванди нав гузаронида шуд. Тайи солҳои охир қутоспарварӣ даромади хуб дод ва то ба имрӯз саршумори он ба 1045 сар расонида шуд, ки аз он 822 сар аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 223 сар аз аҳолӣ мебошад. Бо мақсади тарбияи насли наврас  аз аввалин рӯзҳои соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз 4 адад муассисаҳои томактабӣ бо фарогирии 350 нафар кӯдакон фаъолият дорад ва МИҲД-и ноҳия давра ба давра аз таъмири капиталӣ бароварда истодааст. Айни замон дар 66 мактабҳои ноҳия 17810 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки ба онҳо беш аз 2 ҳазор омӯзгорони  соҳиби маълумоти олӣ таълим медиҳанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 718 адад компютер ва 250 адад принтер мавҷуд буда, дар семоҳаи аввали соли равон 12 адад компютер , 4 адад тахтаи электронӣ ва 12 адад проектор  харидорӣ карда , ба мактабҳо дода шуд.  Соли равон 22 нафар кӯдакони ятими кулли ноҳия дар вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент иштирок доштанд, ки бо туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Онҳо аз чунин ғамхории Сарвари давлат сарфароз шуда, дар вохӯриҳо ба ҳамсолони худ аз таассуроти бардошта, суҳбатҳо гузарониданд.

18 октябри соли 2015 ба номусоидии обу ҳаво нигоҳ накарда, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ташриф оварда, муҷассамаи таърихию фарҳангии Нақибхон Туғрал ва Қасри фарҳанги ноҳияро мавриди истифода қарор доданд, ки ҳоло ин иншооти муҳим диққати садҳо меҳмонон ва сайёҳони ба ноҳияомадаро ба худ ҷалб менамоняд.  31 клуб, 38 китобхонаю ду мактаби санъат  имрӯз барои таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазо  мегузоранд.  Дар толори Қасри фарҳанги ноҳия осорхона  таъсис дода шуд. Дар он ҷо  зиёда 600 нигораҳои аҳамияти таърихидошта ҷамъоварӣ шудааст ва давоми панҷ моҳи  соли ҷорӣ 684 нафар шаҳрвандони ноҳия, меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ аз он дидан кардаанд.

Ноҳияи Айнӣ яке аз беҳтарин минтақаҳои сайёҳии кишвар маҳсуб меёбад. Ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, такмил додани инфрасохторҳои  замонавӣ дар заминаи ҷойҳои таърихӣ вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Ҳоло сайёҳони зиёде аз кишварҳои хориҷӣ барои дидани манзараҳои дилфиреб ва марказҳои сайёҳии ноҳия “Искандаркӯл”, “ Кӯли Аловуддин”, “Дараи  Яғноб”, “Қалъаи Муғ”, “Манори Варз”, “Ғори Хоҷа Исҳоқ”, Маҷмааи Нақибхон Туғрал ва дигар ҷойҳои таърихӣ  омада истодаанд. Аз тарафи роҳбарияти ноҳия барои беҳтар ба роҳ мондани  соҳаи сайёҳӣ  тадбирҳои судманд андешида шуда истодааст.

МИҲД-и ноҳия бахшида ба истиқболи  30 — солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои мушаххасро тартиб дода, ҳамаи соҳибкорон ва шахсони саховатмандро барои ободу зебо гардонидани деҳаҳо ва сохтмони иншоотҳои муҳим даъват намудааст. Соли равон  сохтмони мактаби деҳаи Зеробод барои 640 хонанда оғоз гардид, сохтмони беморхона  барои 40 кат  дар деҳаи Урметан,  варзишгоҳ барои 300 ҷои нишаст дар деҳаи Дижики  Ҷамоати деҳоти “Фон-дарё”, сохтмони мактаби деҳаи Мадм, сохтмони варзишгоҳи ноҳиявӣ, бунёди шаҳраки Айнӣ ва як қатор  корҳои ободониву навсозӣ дар назар дошта шудааст. Бояд хотиррасон шуд, ки дар ҳудуди ноҳия дарозии роҳҳо 327, 1 км буда, аз он моҳияти ҷумҳуриявидошта 160,5 км ва маҳаллӣ 143, 7 км мебошад. Ҳарчанд шоҳроҳҳо ба талабот ҷавобгӯй бошад ҳам,  таъмир ва азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Мастчоҳи Кӯҳӣ ҳалталаб монда,  хеле  хатарнок мебошад.

Дар маҷмӯъ, мардуми заҳматкаши ноҳия баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва амалӣ гардонидани онҳо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, чунки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидан ва пайвастани ҷануби мамлакат ба шимоли он  ҳар  шаҳрванди  боору номусро  вазифадор менамояд, ки баҳри ободии Ватан софдилона кору фаъолият намояд.

Маҳмадносир НАСРУЛЛОЕВ,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *