Алайҳи НАТО ва Толибон. СПАД дар 30 сол чӣ дастовард дорад?
Дар шаҳри Маскав ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ — СПАД бахшида ба 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсисёбии ин созмон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур аз фаъолияти 30-солаи ин паймон натиҷагирӣ шуд.
СПАД чӣ созмонест?
15-уми майи соли 1992 аз тарафи раҳбарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд қарордоди амнияти дастҷамъӣ имзо шуд, ки баъдан Озарбойҷон, Белорус ва Гурҷистон низ ба он пайвастанд. Қарордод соли 1994 ба тасвиб расид ва барои панҷ сол иҷроӣ шуд. Соли 1999 Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон протоколеро дар мавриди дароз кардани муҳлати қарордод имзо намуданд. Аъзои дигар ҳузури худро бас карданд. Ба истиснои Ӯзбекистон, ки соли 2005 ба ин паймон пайваст, вале соли 2012 тасмими хориҷ шуданашро гирифт.
Тибқи ин паймон, агар яке аз кишварҳои узв мавриди ҳамла қарор гирад, ин ба унвони таҷовуз алайҳи ҳамаи тарафҳои паймон дониста мешавад, ки тибқи оинномаи Созмони Милал ҳаққи дифои дастҷамъиро ҳифз хоҳанд кард. Агар то соли 2002 ин паймон ҳамчун як тавофуқи низомӣ-сиёсии минтақавӣ тавсиф мешуд, аз моҳи майи соли 2002 СПАД тасмим гирифт, ки ба ин қарордод мақоми созмони байналмилалӣ диҳад.
Бо таҳлили фаъолиятҳои ин созмон аз он давра баъзе коршиносон онро як блоки низомӣ-сиёсии шабеҳи НАТО ва бархеи дигар абзори пешбурди манофеи Русия медонанд.
Соли 2001 дар чаҳорчӯби СПАД Неруҳои вокуниши сареи дастҷамъии Осиёи Марказӣ (5 ҳазор сарбоз), соли 2007 неруҳои посбони сулҳ (3600 сарбоз) ва соли 2009 неруҳои дастҷамъии зудамал (5 ҳазор сарбоз) эҷод шуданд. Аммо ин созмон қароргоҳи доимӣ надорад ва аз теъдоди номиналии сарбозон аз кишварҳои узви СПАД иборат аст.
Теъдоди низомиёни кишварҳои узви СПАД 1 миллиону 256 ҳазор аст ва 80 дарсади онҳо аз сарбозони Русия иборатанд. Соли 2020 буҷаи ташкилот ҳудуди 429 миллион рубли русӣ, баробар ба 6 миллиону 383 доллари амрикоиро ташкил медод.
Алайҳи НАТО ва Толибон
Дар нишасти ахири СПАД ду мавзуъ дар меҳвари суҳбатҳо қарор дошт: мухолифат бо тавсеаи НАТО ва таҳдидҳо аз Афғонистон.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ахир гуфт, ки кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бояд ба раванди гуногуни ҳаводис дар қисматҳои ҷанубияш омода бошанд.
Ӯ дар идома аз вазъи Афғонистон зикр намуда, изҳор дошт, ки тайи чор даҳсолаи охир омилҳои вахимкунандаи вазъ дар ин кишвар афзоиш ёфтаанд. “СПАД бояд ба раванди гуногуни ҳаводис дар марзҳои ҷанубии созмон омода бошад”,- таъкид намуд Раҳмон.
Александр Лукашенко — президенти Белорус гуфт, ки Маскав алайҳи тавсеаи НАТО набояд танҳо мубориза барад.
«Бидуни муттаҳидии фаврии кишварҳои узви СПАД фардои мо зери суол аст. Агар мо фавран ҳамчун як ҷабҳаи муттаҳид амал мекардем, ин таҳримҳои дузахӣ роҳандозӣ намешуданд. Русия набояд алайҳи тавсеаи НАТО танҳо мубориза барад»,- гуфт рисҷумҳури Белорус.
Дар ҷаласаи ҷашнии СПАД ба масъалаи Афғонистон ва хатари он ба минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи вежа сурат гирифта, зикр гардид, ки тирамоҳи соли 2022 дар Тоҷикистон машқҳои ҳарбӣ гузаронида мешаванд.
СПАД-ро аксари коршиносон як созмони беманфиат ва наздиккунандаи кишварҳои узв ба Русия арзёбӣ мекунанд. Вале сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мавҷудияти онро барои Тоҷикистон муфид арзёбӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ