Деваштич: Тамоми нерӯ ба самаранокии меҳнат равона гардидааст

Деваштич яке аз ноҳияҳои пешрафтаи кишвар дар вилояти Суғд аст, ки сол ба сол бо натиҷаҳои назарраси рушди иҷтимоиву иқтисодии худ намуна барои бисёр дигар ноҳияҳо мегардад.

Иҷроиши буҷет

Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 11 млн 858 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки 107 фоизро ташкил медиҳад. Яъне ба ҷойи 11 млн 858 ҳазор сомонии нақшавӣ 11 млн 866 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки 100,1 фоизро ташкил менамояд. Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат ба ҳолати 1-уми апрели соли 2022 вуҷуд надорад.

Дар семоҳаи якуми соли 2022 аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 37 млн 242 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 9 млн 109 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тариқи «Равзанаи ягона» дар семоҳаи якуми соли 2022 дар миқёси ноҳия 4248 адад субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 46 адад ва ё 101,1 фоиз зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар давраи ҷамъбастӣ аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилоти хурди қарздиҳӣ ба фаъолияти соҳибкории ноҳия 37млн 247 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 9 млн 109 ҳазор сомонӣ ва ё 32 фоиз зиёд гардидааст.

Татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ

Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Деваштич барои солҳои 2021-2025” бо қарори Маҷлиси вакилони ноҳия аз 19.10.2020, №3/8 тасдиқ гардидааст. Ба Барнома дар маҷмуъ 86 адад лоиҳа ворид гардидааст ва маблағи он 328376 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Барои солҳои 2021-2025 дар барнома амалишавии 86 лоиҳа ба маблағи 328375 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, мувофиқи соҳаҳои хоҷаги халқ чунин мебошад: соҳаи блоки иқтисодӣ 26 лоиҳа ба маблағи 103996 ҳазор сомонӣ, соҳаи блоки иҷтимоӣ 29 лоиҳа ба маблағи 112241 ҳазор сомонӣ, соҳаи инфрасохтор 30 лоиҳа ба маблағи 111638 ҳазор сомонӣ, соҳаи ҳолатҳои фавқулодда 1 лоиҳа ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ.

Иҷроиши барнома дар соли 2021 ва семоҳаи якуми соли 2022-юм 64,9 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷои 50,7 млн сомонии нақшавии соли 2021 иҷроиш 32,9 млн сомониро ташкил медиҳад.

Кишоварзӣ ва истифодабарии замин

Дар ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2022 кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 15358 га гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 268 га зиёд мебошад. Аз кишти гузаронидашуда 14330 га ғалладонагиҳо, аз ин гандум 3030 га, ҷуворимакка барои дон 11 га, лўбиёгиҳо 36 га, зироатҳои равғандеҳ 412 га, картошка 205 га, сабзавот 211 га, полезӣ 5 га, зироатҳои хўроки чорво 164 гектарро ташкил менамояд.

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 15358 га кишти баҳорӣ гузаронида шуда, 102 фоизи нақшаро ташкил медиҳад ва нисбати соли 2020-ум 268 га зиёд мебошад.

Дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 634 тонна — 100,2 фоиз, шир 4288 тонна — 100,3 фоиз, тухм 1 млн 346 ҳазор дона — 130 фоиз таъмин гардидааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2022 тибқи Барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ дар майдони 205 га кишти картошка гузаронида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 15 га зиёд мебошад ва дар ин самт кишт давом дорад.

Дар семоҳаи якуми соли 2022-юм 91,8 га боғу токзори нав бунёд гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 3,5 га зиёд мебошад.

Саноат ва энергетика

Корхонаҳои саноатии ноҳия 15 ададро ташкил дода, корхонаҳои навтаъсис дар ин давра мавҷуд набуда, дар семоҳаи якуми соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 10 млн 893 ҳазор сомонӣ таъмин намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 51,8 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 100,5 фоизро ташкил медиҳад.

«Шабакаҳои барқии ноҳия» дар семоҳаи якуми соли 2022 ба корхонаю ташкилот ва аҳолӣ ба маблағи 5 млн 633 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла ба аҳолӣ ба маблағи 3 млн 820 ҳазор сомонӣ барқ интиқол намуда, пардохти он ба 5 млн 282 ҳазор сомонӣ ё 93,8 фоиз баробар буда, ба ташкилоту корхонаҳо ба маблағи 1 млн 813 ҳазор сомонӣ барқ интиқол гардида, пардохти он 1 млн 742 ҳазор сомонӣ ё 96,1 фоизро ташкил менамояд.

Сохтмон, меъморӣ ва нақлиёт

Дар семоҳаи якуми соли 2022-юм 449 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуда, дар ин давра ба маблағи 6 млн 138 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 4 млн 766 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 4,5 баробарро ташкил менамояд.

Дар ноҳия 2 адад муассисаи нақлиёти автомобилӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар семоҳаи якуми соли 2022 ҳаҷми боркашонӣ 507 ҳазору 200 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 56,2 ҳазор тонна зиёд гардидааст. Ҳаҷми мусофиркашонӣ 228 ҳазору 700 мусофирро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Рушди соҳаи маориф

Дар ноҳия 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1354 кўдак фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои томактабӣ 125 мураббияҳо, аз ин бо таҳсилоти олӣ 60 нафар, олии нопурра 4 нафар, таҳсилоти миёнаи касбӣ 61 нафар фаъолият доранд.

Дар ноҳия 68 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 3 гимназия ва 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 39888 хонанда, аз ҷумла 19554 духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2769 нафар омўзгорон (1282 занон), аз ин бо таҳсилоти олӣ 2416 нафар, олии нопурра 87 нафар, таҳсилоти миёнаи касбӣ 266 нафар фаъолият менамоянд.

Соли таҳсили 2020-2021 синфи 11-ро 2441 нафар хатм намуда, 1103 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, 17 нафар тариқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳҳо дохил гардидаанд.

Соҳаи тандурустӣ

Дар ноҳия 8 адад беморхона бо 650 адад кат, аз он ҷумла шуъбаҳои таваллудхона, ҷарроҳӣ, касалиҳои сироятӣ, кўдакона, 20 адад марказҳои саломатӣ ва 20 адад бунгоҳҳои тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Дар муассисаҳои табобатии ноҳия 176 нафар табибон (46 нафар занон) ва 874 нафар коркунони миёнаи тиб (805 нафар занон) фаъолият менамоянд.

Фарҳанг, варзиш ва ҷавонону сайёҳӣ

Дар ноҳия 26 китобхона бо фонди умумии зиёда аз 137557 нусха маҳсулоти чопӣ, аз ҷумла 1 китобхонаи бачагона, 1 китобхонаи марказӣ, 24 китобхонаи деҳотӣ, 5 хонаи фарҳангӣ ва қасри фарҳанг, 16 клуб, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, ансамбли тарона ва рақс, ансамбли шашмақомхонон, театри халқӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ фаъолият менамоянд.

Шумораи умумии ҷавонони ноҳия 57900 нафарро (аз он ҷумла 28900 нафар занон) ташкил менамоянд.

Дар ноҳия 59 нафар гирандагони стипендияи президентӣ ва 40 нафар гирандагони стипендияи раиси ноҳия мебошанд.

Дар ноҳия дар маҷмуъ 99 варзишгоҳу толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишии дохили мактабҳо ва берун аз он фаъолият дошта, 472 нафар варзишгарон ба қайд гирифта шудаанд. Аз ноҳия 6 нафар варзишгарон  дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд. Миқдори медалҳои ба даст овардаи варзишгарони ноҳия ҳамагӣ 44 адад буда, аз он 11 адад медали тилло, 16 адад медали нуқра ва 17 адад медали биринҷӣ мебошад.

Дар ноҳия вобаста ба рушди сайёҳӣ тадбирҳо андешида шуда, мавзеҳои сайёҳии “Чилдухтарон”-и деҳаи Метк, мақбараи Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар деҳаи Угуки ҷамоати деҳоти Ваҳдат, “Сари чашма”-и деҳаи Сурхобча, мақбараи Хоҷа Абўтоҳир воқеъ дар деҳаи Хўҷаҳои ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ, мавзеи “Шаршара”-и деҳаи Далёни Болои ҷамоати деҳоти Далёни Боло, майдони боғи фарҳангию фароғатии майдони парчам ва муҷассамаи “Деваштич” дар ҷамоати шаҳраки Ғончии ноҳия арзи вуҷуд доранд. Инчунин, барои фароғату истироҳати сайёҳон як адад меҳмонхонаи замонавӣ бунёд карда шудааст.

Ҷамоати деҳоти Росровут пешрафта аст

Яке аз ҷамоатҳои деҳоти пешрафтаи ноҳияи Деваштич ҷамоати деҳоти Росровут аст, ки сокинонаш бо меҳнатқаринӣ баҳри пешрафти ноҳия мекӯшанд. Раиси ҷамоати деҳоти Росровут Раҳмон Шарифзода мегӯяд, ки дар давраи семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба онҳо 26 адад қарорҳои раиси ноҳия ворид гардида, дар асоси онҳо 15 адад карорҳои раиси ҷамоат ба тасвиб расидааст, ки зери назорат ва иҷроиш қарор доранд.

— Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти худидора дар ҷамоат дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ 4 маротиба маҷлисҳои Шӯрои ҷамоат баргузор гардида, масъалаҳои ҳалталаби рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои қабулгардида баҳри иҷроиш ба шахсони мутасаддӣ фиристода шуданд,- мегӯяд ӯ.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон

Дар семоҳаи якуми соли 2022 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 811 муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 130 адад муроҷиат кам мебошад. Аз 811 муроҷиати воридгардида мутобиқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз рӯйи тобеият дар кумитаи идораи замин 526 адад, боқимонда 285 адад дар мақомоти дахлдор, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баррасӣ гардидаанд, ки аз он 11 муроҷиат қонеъ, 3 рад, 123 фаҳмонида дода шуда, 148 муроҷиат мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 57 мактуб аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 42 мактуб аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ворид гардида, сари вақт баррасӣ ва ба муаллифон оид ба натиҷаи баррасӣ ахбороти хаттӣ ирсол карда шудааст.

Бино ба гуфтаи раиси ноҳияи Деваштич Ҷалилзода Ашуралӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия айни замон тамоми нерӯ ва ғайраташро ба он равона кардааст, ки аҳли меҳнати ноҳияи Деваштич бо масъулияти баланд кор кунанд, самаранокии меҳнатро баланд намуда, ҷашну маросимҳои муҳимро бо дастовардҳои беназир истиқбол гиранд.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *