Марги ҳамсинфон дар Айнӣ. Якеро дар дарё ҷустуҷӯ доранд

Субҳи 21 май дар ноҳияи Айнӣ фоҷиаи маргбор сард задааст.

Бино ба иттилои “Бомдод”, як хонандаи синфи 11 мактаби миёнаи №49 деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ субҳи шанбе мошини падарашро гирифта, ҳамроҳи ҳамсинфонаш саворӣ мекунад. Аз қазо ӯ дар роҳ аз уҳдаи идораи мошин баромада наметавонад ва мошин ба ҷарӣ чаппа мешавад. Дар натиҷаи ин садама се ҳамсинф ҷон додаанд.

Ду нафар аз наврасони ҷавонмаргшударо аллакай ба хок супурдаанд ва ҷустуҷӯи қурбонии сеюми ин садама, ки ҷасадашро об бурдааст, дар дарёи Зарафшон идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *