Канзи шифо. Райҳон — давои даҳ дард

Райҳон миҷозаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум хушк аст. Барои бемориҳои зиёде дору мебошад. 10 бемориеро дар зер меорем, ки райҳон ба онҳо шифо мебахшад.

1. Панҷ грамм тухми райҳони хушкро кӯфта, бо об биёшоманд, варамҳои ҳамаи аъзоро таҳлил медиҳад.

2. Оби райҳонро бо равғани кунҷид дар зарфе бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то равған худаш бимонад. Баъд онро ба зонуи дарднок бимоланд, нафъ мебахшад.

3. Райҳони тар ё хушкашро ба ҳар тариқе, ки бихӯранд, суддаи майнаро мекушояд.

4. Ҳар рӯз каме райҳонро кӯфта ё қимма карда бихӯранд, меъдаи сустро қувват мебахшад.

5. Ҳар рӯз ду мисқол оби райҳонро бо шакар бихӯранд, дамкӯтаҳиро дафъ мекунад.

6. Бӯй кардани райҳон дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад.

7. Ҳар рӯз ду мисқол оби райҳонро бо шакар биёшоманд, сурфаро дафъ мекунад.

8. Оби райҳонро бо равғани кунҷид дар зарфе биҷӯшонанд, то худи равған бимонад, молидани он ва хӯрданаш барои бемории фалаҷ даво аст.

9. Истеъмоли райҳон барои хафақон дору мешавад.

10. Райҳонро бихоянд, пухтани даҳанро шифо мебахшад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *