100 баландошёна дар Ҳисор

Мегӯянд, ки дар шаҳри Ҳисор тайи 5 соли оянда 100 бинои баландошёна месозанд. Магар дар Ҳисор инфраструктура барои таъмини об, партов, канализатсия, барқ ва ғайра мавҷуд аст? Оё касе инҳоро фикр кардааст?

Усмон АБДУЛЛОЕВ, собиқадори меҳнат, шаҳри Ҳисор

– Дар воқеъ, МИҲД-и шаҳри Ҳисор азм дорад, ки то соли 2026-ум, то 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон беш аз 100 бинои баландошёнаи Истиқоматӣ бо марказҳои савдою хидматрасонӣ бунёд кунад.

Дар иртибот ба суоли хонанда, мо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар тамос шудем. Аз ин ниҳод хабар доданд, ки дар ин робита шаҳрдори Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҳайати Комиссияи қабули иншоот ҷаласа баргузор карда, аз эҳтимоли пеш омадани мушкилот дар таъмини муназзами сокинон бо биноҳои навбунёд ва беш аз 40 ҳазор аҳолии шаҳрак бо барқ, об ва дигар хидматрасониҳои коммуналӣ ҳушдор додааст. Пешниҳод шудааст, ки бо назардошти афзоиши талабот ба нерӯи барқ ва пешгирии садамаҳо дар хатҳои барқ, хати иловагӣ ба маҳаллаҳо кашида шавад.

Зимни таҳлили тарҳ сардори шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор Мансур Файзуллоев изҳор доштааст, ки барои харидории пояҳои оҳану бетонӣ, ноқилҳои қутрашон гуногун, трансформаторҳо ва ғайра ҳудуди ним миллион сомонӣ зарур аст.

Мақомот мегӯянд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани хати нави 4-километрӣ таъминоти барқ дар Ҳисор беҳтар гардида, талафоти он коҳиш дода мешавад.

Раиси шаҳр шахсони масъулро барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, таъмини шаффофияти масрафи он, оғозу вусъати корҳо дар муҳлати муайянгардида муваззаф намудааст.

Аз мақомоти Ҳисор хабар доданд, ки бо сохта шудани иншоот бунёди инфраструктураҳои зарурӣ низ дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *