Алишер Исматзода дар маблағгузории «Давлати Исломӣ» айбдор шуд
Додгоҳи Маскав мураббии мунтахаби наврасони Маскав ва Русия дар муборизаи озод Алишер Исматзодаро дар маблағгузории «Давлати Исломӣ»айбдор дониста, ба 9 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳамзамон, номбурда бояд 400 ҳазор рубл ҷарима пардохт кунад. Мақомот ӯро дар маблағгузории «Давлати Исломӣ»айбдор кардаанд.
Худи Исматзода гуноҳро эътироф накарда, исрор кардааст, ки маълумотро дар бораи даст доштани пулгиранда ба “Давлати Исломӣ» намедонад, зеро пулро бо мақсади баргардонидани қарз фиристодааст.
Бояд гуфт, Алишер Исматзода дар Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2015 Донишгоҳи давлатии варзиш ва сайёҳии Русияро хатм кардааст. Устоди варзиши Русия оид ба муборизаи озод ва номзад ба устоди варзиш оид ба муборизаи юнонӣ-римӣ мебошад.
Муддате ӯ мураббии калони Дастаи мунтахаби Маскав оид ба муборизаи озод буд, сипас мураббии калони дастаи Мунтахаби Русия оид ба муборизаи озод байни занон шуд.
Вақтҳои охир ӯ вазифаи мураббии мунтахаби ҷавонони Русияро иҷро мекард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ