Қалобии кормандони ФСБ

Нисбати ду корманди Вазорати умури дохилии ноҳияи Иглини Бошқирдистони Русия бо иттиҳоми “қаллобӣ” парванда боз шудааст. Онҳо дар талаб кардани пул аз муҳоҷири тоҷик гумонбар мешаванд.

Бар пояи иттилои тафтишот, ин ду корманди пулис моҳи июни соли равон дар ҳудуди шаҳраки Акбердино як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро нигоҳ доштаанд. Баъди он ки маълум шудааст, ин ҷавон дар Бошқирдистон ғайриқонунӣ ҳузур дорад, барои аз Русия депорт накарданаш 3,5 ҳазор рубл талаб кардаанд. Ба иттилои расонаҳо, муҳоҷири тоҷик танҳо 2,8 ҳазор рубл пайдо кардааст ва кормандони пулис онро гирифта ба эҳтиёҷоти худ харҷ кардаанд. “Ҳоло тафтишот идома дорад. Масъалаи боздошти гумонбарон матраҳ аст”,–изҳор доштааст намояндаи Кумитаи тафтишотии Бошқирдистон.

Дар навбати худ, дафтари матбуоти ВКД Русия гуфтааст, “тафтиши хизмати шурӯъ шуда, ин ду корманди пулис аз кор озод хоҳанд шуд. Раҳбарияти онҳоро танбеҳ интизор аст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *