Фиребо Шишбулукӣ — Эрон

Чакидаҳо  

Ту маро фарёд кун, эй ҳамнафас,

Ин манам овораи фарёди ту.

Ин фазо бо бӯйи ту оғуштааст,

Осмонам пур шуда аз ёди ту.

***

Эй худо, ман бандҳоро растаам,

Меравам то интиҳои як нигоҳ.

Болу парҳоям пур аз рангинкамон,

Менишинам рӯйи обу акси моҳ.

***

Боз ба тан пӯшам ҳарири орзу,

Рӯйи дастонам шукуфа зори ишқ.

Қоматам аз ин замин то осмон,

Сабзи сабзи сабз дар бозори ишқ.

***

Гарм ин дастони ман аз ёди ӯ,

Коҷи ин хона маро як такягоҳ.

Фурсати парвоз то авҷи ғурур,

Рӯйи боли як парастуе ба роҳ.

***

Ман кунун омодаам то ҷон диҳам,

Зери ин танҳотарин коҷи ҳаёт.

Интизоре нест ҷуз фарёди ӯ,

То бигирад ҷон дубора ин ҳаёт.

***

Бегона аз худ…

Баъзе вақтҳо…диламон мехоҳад,

Худамонро бизанем,

Ба аличаркӯчаҳо.

Ва баъд як ҳу,

Бубинем, ки

Аз хиёбони аслӣ,

Сар даровардаем.

Як мошини дарбаст,

Бигирем.

Ва биравем таҳи дунё,

Бо ҳам.

Бинишинем,

Лаби партгоҳаш.

Ва ҳей поҳоямонро такон бидиҳем,

Тухма бишиканему баланд бихандем.

***

 Умед…

Имрӯз агар ниёе дер мешавад,

Сояи ман аз ради пойи ошнои ту бар рӯй дилам  дур мешавад.

Ва ҳамчунон дуртар мешавад то ба оғоз, Фаромӯшии   якдигар бирасем.

Ва ин як оҳи ҳасрат аст ва ин охирин фурсат аст,

Ва ин ҷост, ки ҳатто агар дар оина бангарем,

Тасвири рухи худамонро ҳам нахоҳем дид.

Ва мо ҷузви орзуҳои маҳол мешавему ҳасрат, Умедҳои моро хокистар мекунад.

Мане, ки шабнишинам чигуна бо хуршед бошам?

Ман ҳатто бо ситораҳо низ ҳамнишин набудаам!

Ҳоло ту дар интизори тулӯи рӯъёҳои худат нишастаӣ ва ман дар интизор инам, ки

Рӯъёҳои дирӯз, бо дилам ҳамроҳ шаванд!

Вақте хисии сарзамини чашмонам ҳамешагист,

Омадани борон дигар он шӯрро надорад.

Ин мароми бемаромиат,

Ин вафои бевафоиат,

Ин муҳаббати номеҳрубониҳоят,

Дар ҳаққи дилам маро мисли оташ рӯ ба хомӯшӣ кардааст.

Хеле вақт аст дар дарёи беинтиҳои ғамҳоят ғарқ шудаам,

Аммо ту, эй шиногари моҳир маро дар ҳоли ғарқ шудан ҳам надидӣ?

Чӣ бирасад ба шунидани фарёдам дар зери об.

فریبا شش بلوکی — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *