Ҳамадонӣ: Мавлуда ба шавҳару фарзандонаш заҳр дод (Муфассал)

Ду кӯдаки бегуноҳ аз дасти модар аллакай ин  дунёро тарк гуфтанд, хусуру хушдоман,  хоҳаршӯй ва  боз 9 узви дигари оила  дар дами марг қарор доранд.

“Як зан дар Ҳамадонӣ се тифлашро заҳр дода куштааст”-ин хабар дар як дам тариқи сомонаҳои интернетӣ паҳн гашта, миёни мардум сару садоҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Барои таҳқиқи ин овоза, мо бо ҳамсари ин зан Қурбоналӣ Нуралиев, ки сокини ҷамоати Гулобод, деҳаи Меҳнатобод, кӯчаи Севбоғи Ҳамадонӣ мебошад, тариқи телефон ҳамсуҳбат гаштем.

Қурбоналӣ Нуралиев: Занам аз террорист бадтар аст!

-Рост аст, ки ҳамсаратон ба ҷони фарзандони худаш қасд карда, ба онҳо заҳр додааст?

-Бале, ин овозаи хушку холӣ не, ҳақиқат аст. Ҳамсарам Одилова Мавлуда на танҳо қасди ҷони фарзандонамон, балки қасди аз байн бурдани тамоми аҳли оилаи моро дошт. Ин ҳодисаи тасодуфӣ нест, қариб ду моҳ мешавад, ки занам барои несту нобуд кардани тамоми пайвандони ман кӯшиш карда истодааст.

-Заҳролуд шудани фарзандонатонро чӣ хел фаҳмидед?

-Моҳи рамазон буд. Хоҳарам ҳамроҳи кӯдаконаш аз шаҳр ба хонаамон меҳмонӣ омад. Бегоҳ ҳама дар сари дастурхон нишастем, вале занам баҳона пеш оварда, худашро дур гирифт. Хоҳарам табъи нохуши ҳамсарамро пай бурда гуфт, ки “Янга, мо аз Душанбе ба хонаатон меҳмонӣ омадем, барои ҳамин авзоатон беҷо шуд?” Занам дар ҷавоб “Ман рӯзахӯрам, шумо бемалол хӯрдан гиред” гуфта, гӯшашро ба карӣ заду хеста рафт. Духтарчаам, ки дар синфи 6 мехонад, ҳангоми ба ҳоҷатхона рафтан мебинад, ки модараш деги хӯрокро ба канали пушти хона партофта истодааст, вале ба ин аҳамият намедиҳад. Вақте, ки ҳамаамон бемор шуда ба беморхона афтидем, баъд духтарам хӯроки боқимондаи дегро ба об партофтани модарашро ба мақомот нақл кардааст.

—То ҷое, ки мо медонем, шумо аллакай ду фарзандатонро ба хок супоридед. Наход, ки марги ду ҷигарбандаш дили модарро ба дард наоварда бошад?

-Ин зан, агар аз кори кардааш як зарра пушаймон мешуд, ақаллан омада бори охир рӯйи хунуки фарзандонашро медид. Бовар мекунед, вай ҳатто ба ҷанозаи кӯдаконаш наомад. Баъди ҳамин қадар кору кирдори разилонааш ҳарчи ҳам набошад, модар аст гуфта, ба хонаашон одам равон кардем, вале на худаш ба ҷанозаи фарзандонаш омаду на падару модар ва хешу табораш.

-Фарзандонатонро дар як рӯз ба хок супоридед?

-Духтари 6- солаам Нуралиева Моҳинав рӯзи 17-уми  июн даргузашт, духтарчаи сесолаам Басгул бошад, 2-юми июл аз дасти модари фарзандкушаш ин дунёро тарк гуфт. Ба ҷанозаи ҳарду духтарам модарашонро хабар кардем, вале он зани сангдилу бераҳм наомад.

Шумо чанд фарзанд доред ва айни замон дигар кӯдаконатон дар кадом ҳолатанд?

-Ману Мавлуда дар тӯли 15 соли зиндагиамон соҳиби 6 фарзанд гаштем. Нав духтарчаам Моҳинавро ба хок супорида ба хона баргашта будем, ки аҳволи дуюмаш вазнин шуду ӯро ба беморхона бурдем. Ҷасади инашро аз беморхона набароварда, аз даҳону бинии духтари сеюмам хун сар карду ӯро ба вазнинхона бурдем. Дар дари беморхона будам, ки аз бад шудани аҳволи фарзанди 1- солаву 7 моҳаам хабар доданд. Шумо ҳолати он лаҳзаинаи маро тасаввур карда наметавонед. Даҳшатовар аст дидани марги фарзандон барои падар… (овози мард ба ларза даромада мегиряд)

Ҳамсаратон бо аҳли оилаи шумо чӣ хусумат дошт?

-Падару модарам 75 ва 67 солаанд. Онҳо хеле кам дар хонаанд. Ба хонаи апаам ба Душанбе рафта, ҳафтаҳо дар он ҷо меистанд. Ҳамсарамро чӣ ҷин зад, ки ин корро кард, фақат худаш медонаду Худованди тори сар. Кори саҳро намекунад, ки гӯем аз кору бори бисёр хаста шудааст. Бачаҳоро нигоҳубин кунад гуфта, ман ӯро коркунӣ намемондам. Рӯзҳои дароз дар хона худаш бо кӯдакон танҳо буд. Касе набуд, ки бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, боиси кина гирифтанаш шавад.

-Барои чӣ шумо аз ҳамсаратон гумонбар ҳастед? Эҳтимол аҳли оилаатон ягон меваи заҳролуд хӯрда бошанд?

.-Занам худаш ба гуноҳаш иқрор шуда ба намояндагони мақомоти тафтишотӣ гуфтааст, ки ба хӯрок доруи селитра андохта будам. Барои қасди ҷони фарзандон ва аҳли оила намуданаш бояд кайҳо ӯро ба ҷавобгарӣ мекашиданд, вале намедонам бо кадом сабаб то ҳол дар озодӣ гаштааст…

-Аз рӯйи маълумоти дар сомонаҳо нашршуда ба хотири тифли ширмак доштанаш ҳамсаратон дар озодӣ қарор дорад…

Ин танҳо баҳона асту халос, кӯдакро кайҳо оварда ба хонаам партофта рафтанд. Илтимос кардам, ки хурд аст, модараш бояд ӯро шир диҳад, вале хусурам “ту падар ҳастӣ, худат калон кун” гуфта, набераашро дар пушти дар монда рафт.

-Аҳволи падару модари пиратон чӣ хел аст?

Ба модарам чакрадоруҳои бисёр гузаронида ҷисмашро тоза карданд, вале аз даруни падарам хун рафта истодаасту то ҳол таҳти назорати табибон қарор дорад. Як бор манаҳи мӯйсафеди падарамро бастем, вале худованд ба падарам умри дубора бахшид. Худам ҳам беҳуш шуда ба беморхона афтидам. Духтурҳо гуфтанд, ки заҳролуд шудаӣ.

Ба додгоҳ шикоят накардед?

-Мақомот худашон ин ҳодисаро пайгирӣ карда, ҳамсарамро бозпурсӣ намуданд. Ростӣ, ман дар он пурсиш ҳузур надоштам, вале шунидам, ки занам ба гуноҳаш иқрор шуда, ба хӯроку чояшон доруи зидди ҳашарот андохтам, гуфтааст.

-Дар охир чӣ гуфтаниед?

 -Рӯзномаи шумо “Оила”  аст ва бештар занҳоро тарафдорӣ мекунед.  Бубинед, ки оилаи ман дар чӣ ҳолат аст. Ҳамсарам бо дасти худаш ду фарзандамонро ба он дунё фиристод, чор кӯдаки дигарам низ бо дасти модарашон заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин қарор доранд. Падару модари пир ва хоҳари бегуноҳам бо фарзандонаш аз дасти келин дар беморхона бо марг даст ба гиребон ҳастанд. Ҳамсарам Мавлуда аз террорист ҳам бадтар будааст, охир наход, ки зан-модари тоҷик то ин дараҷа бераҳм шавад?! Ҳоли зори кӯдакони маро дида гиряи кас меояд. Ба хотири наҷот додани ҷони азизонам чунон ба қарз ғӯтидам, ки ногуфтанӣ. Аз шумо кормандони “Оила” хоҳиш мекунам, ҳодисаи ба сари оилаи ман омадаро нависед, то мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷазои чунин модарони бераҳму бешавқатро диҳад ва ба дигар занҳо дарси ибрат шавад!

 Шарифа Нуралиева, аммаи кӯдакон:  

                       Янгаам бо забони худаш иқрор шуд, ки …

-Барои боз ба чанд савол посух гирифтан, рӯзи дигар мо дубора ба Қурбоналӣ Нуралиев занг задем, вале гӯширо ба ҷойи ӯ хоҳараш Шарифа бардошта гуфт, ки аҳволи бародараш вазнин шуда, аз даҳону биниаш хун шоридааст ва ӯро ба беморхонаи рақами №3-и шаҳри Душанбе бурдаанд. Мо бо чанд суол ба Шарифа муроҷиат намудем.

-Муносибати шумо бо янгаатон чӣ гуна буд?

-Янгаамро дӯст медоштам ва ҳамеша кӯмак мекардам. Вай аз ман нолад, кӯр мешавад.

Аксари хоҳаршӯйҳо бо янга соз нагирифта, рӯканию мӯйканӣ мекунанд. Шумо ягон бор аз рӯйи кӯдакон ё ягон чизи дигар бо зани бародаратон ҷанг нашуда будед?

Ман як зани бахтшикаста ҳастам ва бо ду кӯдак аз шавҳар ҷудо шуда, дар шаҳр дар хонаи апаам меистам, то ки дарди сари падару модар ва бародарам нашавам. Кор карда худам бачаҳоямро мехӯрондам. Дастам ҳамеша ба бародарам ва зану фарзандонаш мерасид. Ягон бор ба онҳо бадӣ накардаам. Ба янгаам гуфтам, ба ту чӣ намерасид, ки ин корро ба мо раво дидӣ. Нигоҳашро гурезонда гуфт, ки ман ин хел шуданашро намехостам, вале кори шудагӣ шуд. Ман аз кори кардаам сахт пушаймонам.

-Сабаби бадбиниашро нагуфт?

-Гуфтам, ки янга, ман хонавайрон шудам, ҳамин дарди ҷудоӣ бароям кифоя буд, чаро ин зулмро ба ману кӯдаконам раво дидӣ? Дар ҷавоб чизе нагуфта хомӯш истод. Ман хуб медонам, ки янгаам аз пеши худаш ин корро накардааст. Вай роҳбар дорад, касе, ки ӯро ба ин роҳи хато раҳнамоӣ кардааст, бояд дар баробари янгаам ҷазо гирад.

-Аҳволи бародаратон ҳозир чӣ хел аст?

-Баъди бо шумо суҳбат кардан хун партофта аз ҳуш рафт. Духтурон ӯро ба шаҳр интиқол доданд. Бародарам айни ҳол дар касалхонаи №3 таҳти назорат ва табобати табибон қарор дорад. Падару модарам низ дар беморхона табобат гирифта истодаанд.

-Бародаратон гуфта буд, ки шумо ҳам хӯроки заҳролудшударо хӯрдаед. Худро чӣ хел ҳис мекунед?

-Як бор беҳуш шуда афтидам. Духтурҳо ташхис карда гуфтанд, ки ман ҳам заҳролуд шудаам, вале чандон парвои саломатии худамро наорам. Фарзандони худам ва бачаҳои бародарам дар беморхонаи Қарияи Боло дар “реаниматсия” хобанд. Ҳушу ёдам фақат ба кӯдакон банд аст, ки Худо накарда боз ягон фоҷиаи дигар рӯй надиҳад.

Фарзандонатон чандсолаанд ва табибон дар бораи вазъи саломатиашон чӣ мегӯянд?

-Писарчаам имсол синфи дуюм меравад, духтарчаам бошад нав 6- сола шуд. Онҳо ҳанӯз ба баду неки олам сарфаҳм намераванд, вале ин тифлакони бегуноҳ аз дасти янгаам имрӯз дар азобанд. Ранги зарди фарзандон ва ҷиянҳоям ҳеҷ аз пеши назарам дур намеравад. Табибон ҳолати кӯдаконро вазнин арзёбӣ карда истодаанд. Бовар кунед, аз ғаму дард рӯзе сад бор мурда-зинда мешавам. Шабу рӯз Худоро зорӣ карда истодаам, ки кӯдакони моро шифо бахшад. Агар бо бачаҳоям ягон ҳодисаи нохуш рӯй диҳад, ҳаргиз янгаамро намебахшам!

-Падари фарзандонатон аз ин қазия огоҳӣ дорад?

-Хабар додем. Бародарашро фиристод, то ки дорую дармони заруриро харида биёрад. Худам аллакай 5 ҳазор сомонӣ қарздор шудам, бародарам бошад, 15 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст. Ин чӣ рӯзи сахте буд, ки ба сари оилаи мо омад. Худоҷон моро дар паноҳат нигаҳ дор,-мегӯяд бо чашмони гирён Шарифа Нуралиева.

 Хусури Мавлуда:

Келин дар гречка заҳр андохт

Мо ба аёдати беморон рафта дар беморхона бо падари Қурбоналӣ ва хусури Мавлуда ҳамсуҳбат гаштем. Мӯйсафед дар рӯйи кати беморӣ бо ранги зарду гардани каҷ оби дида рехта, чунин қисса кард:

-Пир бошам ҳам, ягон лаҳза бе кор намешинам. Ҳамон рӯз нисфирӯзӣ гуруснаю ташна аз саҳро баргаштам. Келин худашро меҳрубон нишон дода ба наздам як табақча ширинӣ-пряник овард ва гуфт, ки тағоҷон, то пухтани хӯрок инро хӯрда истед. Прияникҳо ким-чихел зард, кунҷҳояшон тар ва шубҳаовар  буданд, вале ман, ки сахт гурусна будам, аҳамият надода, хӯрдам. Аз байн даҳ дақиқа нагузашта ҳолам чунон бад шуд, ки мадору қувватам намонд. Дилам мешӯрид, чунон бисёр қайъ кардам, ки дили ҷигарам қариб аз даҳонам омада буд. Баъди қайъ кардан камтар таб кадам, вале баъд ҳолам беҳтар шуд. Зинда мондани маро дида келин аз нав нақшаи чи тавр куштанамро мекашад. Бори дуюм вай ба гречкапалав заҳр андохтааст. Он хӯрокро хӯрдан баробар аз ҳуш рафтам. Фарзандонам маро мурда гумон карда, манаҳамро бастаанд ва ҳаққу ҳамсояҳоро ба ҷаноза хабар кардаанд, вале худованд ба ман умри дубора бахшид.

Сабаби қасди ҷони шумо намудани келинатонро дар чӣ мебинед? Шояд муносибати аҳли оила бо ӯ хуб набуд ва келин аз ҷони ширинаш безор шуда, ин корро кардааст…?

Ҳавлии ман биҳиштро мемонад, ҳама ҷо сабзу хуррам ва пур аз дарахту меваю гулҳои шукуфон. Мо ин биҳишти сабзу хуррамро дар ихтиёри келин гузошта будем. Касе пишаки ӯро пишт намегуфт. Келинро бисёр эрка кардем, барои ҳамин аз худ рафта, даст ба чунин амали зишт ва бераҳмона зад. Ба фикри ман мақсади ӯ куштани аҳли хонаводаи мо ва ин ҳавлии калонро соҳибӣ кардан буд.

Дар масъалаи дастрас намудани дорую дармон душворӣ намекашед?

-Ман аз Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомотҳо миннатдорам, ки дар ин рӯзҳои сахт ва душвор моро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.  Табибони беморхонаи №3 –и пойтахт моро аз таҳти дил табобат карда истодаанд. Ҳамаи доруҳоро худи беморхона медиҳад. Набераҳоям низ дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе бе пул табобат гирифта истодаанд. Вазорати тандурустӣ барои табобати аҳли оилаи мо тамоми чораҳоро андешида истодааст. Вазири тандурустӣ шахсан худашон ба аёдати мо омаданд ва таъкид карданд, ки табибон тамоми кори аз дасташон меомадаро барои барқарор намудани саломатии аҳли оилаи мо ба сомон расонанд.

 Хушдоман домодро гунаҳкор мекунад, аммо…

Волидони Мавлуда, ки пайвандони шавҳараш ӯро дар марги ду фарзанд ва заҳролуд кардани аҳли оила гумонбар медонанд, мегӯянд фарзанди онҳоро туҳмат карда истодаанд. Модари Мавлуда-Муслима Холова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки духтараш низ мисли дигар аъзоёни оилаи шавҳараш заҳролуд шудааст ва бо ҳамин сабаб як моҳ боз дар хонаи онҳост.

 «Чанд бор аз таҳи дилаш даромадам, қасам мехӯрад, ки ман ин корро накардам ва ин туҳмат аст. Мегӯяд, наход ин қадар азобҳоро пушти сар кардаму фарзандонам синфи 6-9 шуданд, баъд ин корро кунам?!

Ба қавли Муслима Холова, духтараш дар хонаи хусуру хушдоманаш зиндагии хуб надоштааст ва шавҳараш бо ҳар баҳона ӯро лату кӯб мекардааст. Ин зан мегӯяд, шавҳараш дасту пойи Мавлударо баста, ҳатто бо хурдтарин баҳона аз қабили сари вақт ба говҳо об надодан ӯро мурданивор мезадааст.

«Ҳар корро баҳона карда, масалан, говҳоро алаф надодӣ гуфта, ӯро мезадааст»,- ҳасрат кардааст модари Мавлуда аз домодаш.

Қурбоналӣ Нуралиев ва пайвандонаш ин иддаоро рад намуда, мавридҳои лату кӯб ва хушунати ҳамешагӣ қарор гирифтани Мавлударо дар хонаашон бе асос мехонанд.

Прокуратура мӯйро аз хамир ҷудо мекунад

Пофишории волидони Мавлуда барои бегуноҳии духтарашон дар ҳолест, ки Додситонии ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ аллакай дар робита ба заҳролудшавии аҳли хонаводаи Қурбоналӣ Нуралиев тафтишот оғоз намуда, нисбати Мавлуда Одилова бо гумони «қасди куштори одам» ва заҳролудсозии фарзандонаш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ёдрас мешавем, ки дар бист рӯзи охир ду фарзанди Қурбоналӣ Нуралиев ва Мавлуда Одилова бар асари заҳролудшавӣ ба марг расида, ҳоло боз нуҳ аъзои дигари ин хонавода дар бемористон таҳти назорати табибон қарор доранд.

Мавлуда қасди худкушӣ дошт, вале…

Тавре ки гуфтем, мақомот аллакай нисбати Мавлуда Одилова бо гумони куштори одам ва заҳролудсозии аҳли хонавода парвандаи ҷиноӣ оғоз намудаанд. Аз рӯйи баъзе хабарҳои ғайрирасмӣ зан дар пурсишҳои нахустин ба гуноҳи худ иқрор шуда гуфтааст, ки мехост ҳамроҳи фарзандонаш худкушӣ кунад. Мавлуда Одилова гӯё хостааст пеш аз худаш бачаҳояшро ба он дунё фиристад, то ки онҳо дар оянда азоб накашанд.

Заҳролудсозӣ-усули нави куштор?!

Кӯргиреҳи муаммои марги ду кӯдаки бегуноҳи Қурбоналӣ Нуралиеву Мавлуда Одилова ва заҳролудшавии дигар фарзандону пайвандони ин оиларо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боз хоҳанд кард. Мо танҳо ёдрас мешавем, ки қаблан низ чанд зани тоҷик бар асари зарбу лати шавҳар ва хушунату зӯроварии хонаводагӣ ҳамроҳи фарзандонашон худкушӣ карда буданд. Маъмулан модарон худро ҳамроҳи фарзандонашон ба об мепартофтанд. Бо роҳи заҳролудсозӣ аз байн бурдани фарзандон усули нави басо дарднок ва нангин аст. Тамоми ҷомеа, хоса мақомоти ҳифзи ҳуқуқро лозим аст, ки сарҷамъона ба муқобили ин мараз мубориза баранд, то худкушию фарзандкушию одамкушӣ бо роҳи заҳролудсозӣ мисли заҳрпечак реша паҳн карда, номи миллати тоҷикро паст насозад.  Саъдии бузургвор барҳақ фармудааст:

Дилором бошад зани некхоҳ,
Вале аз зани бад, худоё паноҳ!

  Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *