Ҷамолиддин сеюм, Тоҷикистон 18-ум
Ҷамолиддин Абдуллоев, паҳлавони тоҷик, дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасони то 18-сола, ки дар пойтахти Чили — шаҳри Сантяго медали биринҷӣ ба даст овард.
Ҷамолиддин рӯзи 10-уми август дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш Чинг Лонг Овен Вонг (Ҳонконг), Маркос Сантос (Бразилия) ва Петру Пеливан (Молдова) дар қувваозмоии чаҳорумаш аз Марк Ҳристов (Булғористон) мағлуб шуд. Ҷамолиддин дар мубориза барои медали биринҷӣ аввал бар Иван Кукита (Аргентина), сипас бар Байрам Кандемир (Туркия) дастболо гардид ва мақоми сеюмро соҳибӣ кард.
Дар вазни зери 66 кило Ранто Катсура (Ҷопон), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Марк Ҳристов (Булғористон) ғолиб омад, бо медали тилло сарфароз гашт. Ҳристов медали нуқра гирифт.
Дар вазни зери 66 кило боз як намояндаи Тоҷикистон — Разиаллоҳ Лоиқов — рақобат кард. Вале ӯ дар даври муқаддамотӣ аз Ранто Катсура (Ҷопон) шикаст хӯрд.
Паҳлавони дигари тоҷик Қурбоналӣ Бозоров, ки дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Алеҷандро Ретамал аз Чили дастболо шуд. Вале ӯ баъдан аз Нурзод Салимбоеви қазоқ мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориа барои медалҳо маҳрум шуд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил аст: Қурбоналӣ Бозоров (вазни зери 60 кг), Разиаллоҳ Лоиқов, Ҷамолиддин Абдуллоев (ҳарду вазни то 66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг).
Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар даври аввал озод аст, рӯзи 11-уми август дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Намҳун Ли (Кореяи Ҷанубӣ)/Моисес Кортез Флорес (Гватемала) вориди рақобат мешавад. Эмомризо Қурбонов бошад, рӯзи 12-уми август дар даври аввал бо Акрам Буранов (Узбакистон) рақобат мекунад.
Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар байни 64 кишвар мақоми 18-умро касб кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ