Бунёдкорӣ асоси рушди мамлакат аст

 Якшанбеи дуюми моҳи август, ки имсол ба рӯзи 13 август рост меояд, дар тақвими ҷашнҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак — Рӯзи кормандони сохтмон сабт шудааст. Мо ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирем. Ба ин муносибат ҳамаи кормандону собиқадорони соҳаи сохтмону меъмории Тоҷикистони соҳибистиқлолро табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар кадоми шумо ободиву осоиш ва саодату фирӯзӣ орзу менамоям.

Касби сохтмончӣ ҳамчун касби наҷибонаву масъул ба ҳисоб рафта, на танҳо донишу таҷриба, балки қобилияту фидокориро талаб мекунад. Бинобар ин, Рӯзи кормандони сохтмон байни дигар идҳои касбӣ дар ҳақиқат ҷойи махсусро ишғол намудааст.

  Воқеан, сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошанд, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлат ва саодати рӯзгори сокинони  кишварамон аз он ибтидо мегирад.

Имрӯз дар сар то сари ҷумҳурӣ бунёди иншооти нави замонавӣ бо маром идома доранд. Рушди соҳаи сохтмони мамлакат бо суръати баланд ба зиёдшавии миқдори масолеҳи нави бинокорӣ ва технологияи муосир оварда расонид. Ҷоизи зикр аст, ки ин раванд на танҳо ба бинокори асил осонӣ меоварад, балки сифати меҳнати онро боэътимод мекунад.

Бинои истиқоматии 9-12 ошёна дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент

  Ташаббускори азнавсозиҳо, илҳомбахши сохтмони иншоотҳои азиму стратегӣ дар ҷумҳурӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат мебошанд, ки ҳамеша соҳаи сохтмону меъмориро ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ менамоянд. Итминони комил дорам, ки сарзамини хуршедии мо Тоҷикистони азиз таҳти сарварии Президенти мамлакат бо низоми пешрафтаи давлатдорӣ ва симои хоси миллӣ ҳамсафи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон мегардад. Тавре ҳамагон шоҳиданд, дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ садҳо иншоот сохта ба истифода дода шуданд. Дар пойтахти Тоҷикистони азизамон – шаҳри Душанбе сохтмони манзил, меҳмонхонаҳо ва иншооти иҷтимоию фарҳангӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар муддати на чандон тӯлонӣ симои пойтахтамон дигаргун, зебо ва боҳашамат гардид. Самараи заҳмати дастони сохтмончиён боиси хушбахтии мардум  гардида, ҳаёти онҳоро ободу пурнишот намуд. Услуби якҷояи Аврупо ва Шарқ, ки дар сохтмони иншоот истифода мешавад, шаҳри Душанберо ба пойтахти замонавию беназир мубаддал гардонид.

      Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 инвеститсияи  сармояи  асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 3 миллиарду 990 миллиону 792 ҳазор сомонӣ истифода шудааст. Ҳамчунин, дар ин муддат ба масоҳати умумии 418 ҳазору 995 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Фондҳои асосӣ ба маблағи 1 миллиарду 138 миллиону 930 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 3 миллиарду 412 миллиону 489 ҳазор сомониро ташкил дод.

         Дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 9 ҳазору 179 талаба, муассисаҳои томактабӣ барои 620 ҷой, беморхона барои 164 кат ва дармонгоҳ барои 152 қабул дар як баст ба истифода дода шуданд.

Айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 46 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.

     Нақшаи генералии ноҳияҳои Ҷалолиддин Балхӣ, Дӯстӣ, Ховалинг ва Мурғоб, Панҷакент ва Айнӣ бо вазорату идораҳо мувофиқа гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст. Нақшаи генералии  шаҳру ноҳияҳои дигар, аз ҷумла Қубодиён, Н.Хусрав, Ҳамадонӣ, Панҷ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров дар вазорату идораҳои дахлдор дар мувофиқа қарор доранд.

Нақшаи генералии ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Гулистон барои ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ мавриди коркард қарор доранд.

Таҳияи нақшаи генералии 5 шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Бӯстон, Роғун, ноҳияҳои Фархор, Данғара ва Шаҳритуз идома доранд.

  Ҳамчунин лоиҳаи муфассали банақшагирии 23 шаҳру ноҳияҳо мавриди тасҳеҳ қарор доранд, ки то охири сол ба итмом расонида хоҳанд шуд.

Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва Корхонаҳои воҳиди давлатии Кумита дар нимсолаи аввали соли 2017 ба маблағи 11 млн. 910 ҳазору 174 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расониданд, ки ин 103,9 фоизи ҳамин давраи соли 2016-ро ташкил мекунад.

Ба сифати харҷномаи лоиҳаҳо низ диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин давра аз харҷномаи иншоотҳо дар маҷмӯъ 303334000 сомонӣ кам карда шудаанд, аз он ҷумла: аз ҳисоби буҷетӣ давлатӣ ба маблағи 300449000 сомонӣ, грант ба маблағи 1236 ҳазор сомонӣ, сармоя ба маблағи 229000 сомонӣ ва худмаблағгузорӣ ба маблағи 1420000 сомонӣ, ки бо ин васила арзиши корҳои сохтмонию васлкунӣ ба ҳамин миқдор арзон гардид.

Дар шаш моҳи соли 2017 Гурӯҳи кории муштараки Кумита аз ҳисоби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ ва Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ҷиҳати риояи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати бунёди иншоотҳои сохташавандаи ҷумҳурӣ ба шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Вахш, Бохтар, Хуросон, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯлоб, Норак, Данғара, Восеъ, Мӯъминобод ва Шамсиддин Шоҳин сафарбар карда шуданд.

Дар назди Кумита Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсияҳои заруриро медиҳад.

То ин муддат Комиссия дар маҷмуъ 60 лоиҳаҳои ангоравӣ ва кории биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятиро, ки аз ҷониби мақомотҳо, фармоишгарон ва лоиҳакашон дастрас карда шудаанд, баррасӣ намуда, нисбат ба ҳар як лоиҳа таклифу хулосаҳои худро пешниҳод намуд.  Аз 60 лоиҳаи баррасӣ гардида, 26 лоиҳа бо назардошти таклифу пешниҳодҳои зарурӣ ва ба инобатгирии он дар лоиҳаҳои корӣ қобили қабул дониста шуда, барои пешниҳод ба Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ тавсия дода шуд.

  Тибқи Нақшаи кории Кумита бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи сохтмончиён  дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Курғонтеппа рӯзҳои 11-12 августи соли 2017 Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт — 2017” гузаронида мешавад.

Лоиҳаи сохтмони хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, дар бурриши кӯчаи Айни ва А.Дониш

Системаи ҳуҷҷатҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтмон мутобиқи шароити иқтисоди бозаргонӣ, қонунгузорӣ ва сохтори идорӣ дар асоси меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳои давлатии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Равияи асосии ҳуҷҷатҳои меъёрии навтаҳияшавандаи Система ин ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи истифодабарандагони маҳсулоти сохтмонӣ, ҷамъият ва давлат бо дарназардошти инкишофи ташаббус ва мустақилии корхонаҳо, созмонҳо ва мутахассисон мебошад.

Яке аз роҳҳои асосии ҳалли ин масъала гузариш ба принсипҳои методие мебошад, ки дар таҷрибаи стандарткунонии байналхалқӣ ба таври васеъ истифода мешаванд.

Мувофиқи «Номгӯйи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба сохтмон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда мебошанд» айни замон дар соҳаи сохтмон 1673 ҳуҷҷатҳои меъёрӣ амал мекунад.

         Аз соли 2015 инҷониб бинобар сабаби тағйир ёфтани талаботҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ инчунин тағйир ёфтани технологияи истеҳсоли сохтмон ва бо назардошти пешрафти илму техника тасмим гирифта шудааст, ки  мунтазам ба санадҳои меъёрӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шавад. Ҳамин тариқ  айни замон ба меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ:

—  МҚШ ҶТ 31-01-2005 «Биноҳои истиқоматии бисёрманзила»;

— МҚШ ҶТ 30-01-2007* «Шаҳрсозӣ. Банақшагирӣ ва бунёди маҳалҳои аҳолинишин»;

— МҚШ ҶТ 31-03-2007 «Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ»;

— МҚШ ҶТ 51-01-2008 «Конструксияҳои санги ва армосангӣ»;

— МҚШ ҶТ 22-07-2007 «Сохтмони зилзилатобовар;.

тағйиротҳо ворид карда шуда,  дар вазорати адлия ба қайд гирифта шуда мавриди амал қарор дода шуд.

Ҳар як меъёрӣ номбаршуда ба талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуда тағйиротҳои дахлдор ворид гардид.

Аз 1 марти соли 2004 комплекси сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби муайян намудани арзиши иншоотҳои сохтмонӣ дар нархҳои ҷории шартномавӣ бо усули захиравиро муқаррар намуд.

Сиёсати нархгузорӣ ва меъёрҳои харҷномавӣ дар сохтмон қисми таркибии сиёсати умумии нархгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба сиёсати умумии иқтисодии мамлакат аслан хос мебошад.

Бо назардошти таҳлили вазъи кунунии нархгузорӣ, меъёру нархномаҳои мавҷуда, сатҳи ҳуҷҷатгузорию нокифоягии заминаҳои ҳуқуқӣ, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаи 12 Кодекси шаҳрсозӣ сархати сездаҳум илова карда шуд.

Дар моддаи 12 Кодекси мазкур оид ба масъалаҳои нархгузорӣ меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ нашуда буд. Бо ҳамин мақсад ба моддаи 12 сархати сездаҳум  оиди аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани қоидаҳои нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон меъёри ҳуқуқӣ илова карда шуд.

Дар асоси моддаи мазкур, ҷиҳати танзими масъалаҳои нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ» аз санаи 29 июни соли 2017, №324 ба тавсиб расид.

        Бо боварии комил гуфта метавонам, ки имрӯз қобилият, дониш, имконияти маънавӣ ва касбии сохтмончиёну меъморон пурра барои беҳбудии мардум ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мегардад. Бинокорони Тоҷикистон барои боз ҳам ободу зебо гаштани симои Ватани маҳбубамон ва таъмини шароити беҳтари кору зиндагии мардуми сарбаланд бо дили гарму бозуи қавӣ содиқона меҳнат мекунанд.

Роҳеро, ки мо имрӯз пеш гирифтаем, танҳо як ҳадаф дорад- расидани ҳар як инсон ба саодати зиндагӣ, бахту иқболи баланд ва рушди давлат. Вале бояд дар хотир дошт, ки барои ба ин нияти нек ва рӯзгори пурсаодат расидан заҳмати зиёд кашидан зарур аст. Ободии Ватан ва осоиши мардум аз ҳар яки мо фаъолияти шабонарӯзӣ ва кори содиқонаву софдилонаро тақозо мекунад.

        Бори дигар ҳамаи шумо дӯстони азиз, ҳамкасбон, собиқадорони соҳаи сохтмонро бо иди касбиатон муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, барору комёбиҳо ва дар фаъолияти касбиятон қуллаҳои баланди тахассусӣ, муваффақиятҳои беназиру дастовардҳои нав ба навро баҳри шукуфоии Ватани азизамон орзу менамоям.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *