Амрико ва Осиёи Марказӣ. Доналд Трамп бо ҳамсояҳои Эрону Афғонистон чӣ хоҳад кард? 

Доналд Трамп, 47-умин Президенти Амрико 20-уми январи соли 2025 расман ба кор оғоз хоҳад кард. Бозгашти дубораи ӯ ба Кохи Сафед баъд аз панҷ сол ба ин маънист, ки на танҳо Амрико, балки ҷаҳон обистани таҳаввулоту тағйироти бузург аст.

Дар давраи аввали раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп (2017-2021) Амрико дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳеҷ иқдоми ҷадиди сиёсӣ накард. Танҳо як сол монда ба поёни раёсати ҷумҳурии ӯ, маъмурияти Кохи Сафед дар феврали соли 2020, роҳбурди худро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ эълом кард, ки асоси онро “тақвияти якпорчагии минтақаӣ, иртиқои ҳуқуқи башар ва ислоҳот, сармоягузорӣ аз тариқи кумакҳои тавсеъаии Амрико” ташкил медод. Аммо нокомии Доналд Трамп дар интихоботи ноябри соли 2020 иҷрои муфоди ин барномаро ба таъхир андохт.

Гузашта аз ин, платформи «С5+1”, ки барои музокироти мақомоти панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико ба ибтикори маъмурияти Кохи Сафед дар давраи раёсати ҷумҳурии Барак Обамма роҳандозӣ шуда буд, тавассути Трамп дар раёсати ҷумҳурии пешини ӯ ба таъвиқ даромад.

Ба бовари бисёре, Осиёи Марказӣ танҳо минтақае дар ҷаҳон аст, ки Амрико камтарин нуфуз дар онро дорад ва ҳамаи давлатҳои қаблии Амрико ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи кофӣ накардаанд. Танҳо ин нукта ки ҳеҷ кадом аз руасои ҷумҳури Амрико то ҳоло ба Осиёи Марказӣ сафар накардаанд, далели гӯёи муносибати Амрико ба ин минтақа метавонад бошад.

Акнун бо интихоби муҷаддади Доналд Трамп ба раёсати ҷумҳурии Амрико, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бозгашти ӯ ба Кохи Сафед чӣ интизороте бояд дошта бошанд? Дар ин бора назари Шералӣ Ризоён, коршиноси масоили сиёсиро ҷӯё шудем.

— Бозгашти Доналд Трамп чӣ паёмадҳое барои Осиёи Марказӣ хоҳад дошт?

— Дар шарҳи паёмадҳои баргашти Доналд Трамп ба Кохи Сафед барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ду нуктаро бояд ба назар гирифт:

Якум, Амрико дар сӯйи Осиёи Марказӣ сиёсати усулӣ ва роҳкори мушаххас дорад, ки солҳои дароз дар ҳоли иҷро ҳастанд.

Дуюм, минтақа дар авлавияти рӯзномаи сиёсати хориҷии Амрико ҷойгоҳи вижаро соҳиб нест ва танҳо бо назардошти рақобат бо қудратҳои дигар аҳамият дорад.

Аз ин рӯ, паёмади бозгашти Доналд Трамп ба қудрат барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба силсилаи “агарҳо” вобаста аст. То куҷо эҳтимол доштани “агарҳо” бештар ба нуктаи дуюм робита дорад. Бинобар ин, паёмадҳои аслии бозгашти Доналд Трамп барои кишварҳои Осиёи Марказӣ норавшан аст. Сарфи назар аз ин, чанд саволе ҳаст, ки пайдо кардани посух ба онҳо паёмадҳои эҳтимолиро барои Осиёи Марказӣ маълум мекунанд.

Оё Доналд Трамп ба поён додани ҷангҳои Исроилу Фаластин ва Русияву Украина муваффақ хоҳад шуд?

— Яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии Доналд Трамп поён додани ҷанги Ховари Миёна ва Украина аст. Ба таври комил анҷом ёфтани ин ҷангҳо эҳтимоли кам дорад, чун буҳронҳо решаҳои амиқ дошта, яке қадима (буҳрони Исроилу Фаластин) ва дигаре бинобар сабаби рӯёрӯйи ҳам омадану бархӯрди манфиатҳои Русия ва кишварҳои НАТО ба миён омаданд.

Эҳтимоли зиёде вуҷуд дорад, ки ин буҳронҳо ҳифз (консервация) мешаванд. Ба вижа эҳтимоли ками аз рӯйи роҳбурди бурд-бурд поён додани ҷанги Русия бо Украина мавҷуд аст. Чун дар муддати наздик ба се соли низоъ ҳарду ҷониб ба якдигар талаботи ғайриқобили пазиришро пеш мегузоранд. Аз ин рӯ, эҳтимоли зиёде вуҷуд дорад, ки як гуфтушуниде миёни Русия ва Украина бо миёнҷигарии кишварҳои бетараф роҳандозӣ гардад, ки аз ҳимояти Амрико, Чин ва дигар қудратҳо бархӯрдоранд. Агар чунин ҳам шавад, рӯёрӯйи ҳам омадани Маскав ва Киев на дар майдони ҷанг, балки дар гуфтушунид сурат мегирад ва амалиёти ҳарбӣ барои давраи номуайян боздошта мешавад. Ҳамчунин, гузинаҳои ҳифозати буҳрон гуногун буда метавонад, вале аниқ аст, ки ҳоло ягон ҷонибе ба гузашти комил омода нест.

Оё Доналд Трамп дар давраи нави раёсати ҷумҳуриаш мумкин аст даст ба бесубот кардани авзоъ дар Осиёи Марказӣ бизанад?

— Ривояти мазкур ҳамеша дар фазои расонаӣ чарх мезанад ва ҳамаи қудратҳои бузург тавонмандии молиявию фаннии анҷоми чунин “кор”-ро доранд. Нуктаи дигар он аст, ки ба ин мавзуъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ назар доранд? Чун дар чаҳор даҳаи худсолорӣ ҳамаи панҷ кишвар аз “имтиҳон”-ҳое гузаштанд ва суботи худро ҳифз карданд. Ҳоло Осиёи Марказӣ аз босуботтарин минтақаҳои ҷаҳон ба шумор меравад ва аксари пешгӯйиҳои фурсатталабона ва ҳангомасозона амалӣ нагаштанд.

Аз ҷониби дигар, ҳеҷ кадом аз қудратҳои бузург, аз ҷумла Амрико аз бесубот кардани минтақа манфиатдор нестанд. Агар дар ин бора партобҳои расонаӣ ва ривоятсозӣ сурат гиранд, бо боварӣ метавон тахмин кард, ки ин иқдом барои тарс додани нухбагони сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои расидан ба хостаҳои жеуполитики як ё гурӯҳи қудратҳои бузург рӯйи даст гирифта мешавад. Ҳамчунин, дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин партобҳои расонаӣ ва ривоятсозиҳоро ҷиддӣ намегиранд, чун алакай дар баробари онҳо масуният доранд.

Оё дар давраи маъмурияти нави Доналд Трамп рӯйкарди Амрико дар самти Афғонистон тағйир хоҳад кард?

— Амрико сарфи назар аз берун кашидани неруҳои низомиаш — то ҳол қудрати рақами яки таъсиргузор дар Афғонистон боқӣ мемонад. Дар се соли охир маҳз ёриҳои пулии ҳарҳафтаинаи ин кишвар (дар расонаҳо сухан дар мавриди маблағи аз 40 то 60 миллион доллар меравад) буд, ки Толибон қудрати худро дар Афғонистон густариш доданд.

Агар рӯйкарди Амрико дар самти Толибон тағйир ёбад ва ёриҳои пулии ҳарҳафтаинаро қатъ кунад ё коҳиш диҳад, ин чолиши бузург барои ҳокимияти ояндаи ин гурӯҳ дар Афғонистон хоҳад шуд. Ҳамчунин, ин ҳолат, таҳдидҳоро барои ҳамаи ҳамсояҳои Афғонистон, ба вижа барои Чин, Эрон, Покистон ва се кишвари Осиёи Марказӣ сифатан дигар мекунад ва марҳилаи “моҳҳои август-сентябри соли 2021” боз бармегардад, ки рушди вазъ ва моҳияти таҳдиду чолишҳо аз ҷуғрофиёи Афғонистон ба ин кишварҳо номаълум буданд. Агар чунин шавад, эҳтимоли зиёде ҳаст, ки вазъ дар Афғонистон боз ҳам вахим хоҳад шуд ва як буҳрони шадиди инсонӣ ба вуқуъ хоҳад пайваст, ки таъсири ҷиддие ба ҳамаи ҳамсояҳои он хоҳад расонид.

Агар рӯйкарди Амрико дар самти Толибон тағйир наёбад ва мададҳои ҳарҳафтаинаро идома диҳад, пас ин сиёсати ҳифозати вазъ дар Афғонистон хоҳад буд, ки моҳияти таҳдиду чолишҳо аз ҷуғрофиёи Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояро аз буда ҳам бештар номаълум мекунад. Чун раисҷумҳури нави Амрико ҳамчун тоҷири муваффақ ҳеҷ пайсаеро “барои ҳамту” нахоҳад дод ва бар ивазаш талабҳоеро ба пеш хоҳад гузошт.

Дар расонаҳо гузоришҳое пахш шуданд, ки тими раисҷумҳури нав хоҳони ба додгоҳ кашидани масъулони артиш барои бо чунин шакл берун шудан аз Афғонистон ҳастанд. Агар ин кор на барои фазосозӣ, балки як иқдоми ҷиддӣ бошад, пас ба эҳтимоли зиёд рӯйкарди Амрико дар самти Толибон тағйир меёбад ва аз давраи маъмурияти пештара фарқ хоҳад кард.

Пас дар ин марҳила, чӣ чизе нӯшдору барои се кишвари ҳамсояи Афғонистон дар Осиёи Марказӣ буда метавонад?

— Боз ҳам густариши ҳамкориҳо бо Амрико ва риояи сиёсати бетарафона ва бисёрсамта ба унвони нӯшдору буда метавонад. Яъне, он сиёсате, ки кишварҳо имрӯз рӯйи даст доранд. Тавре маълум аст, ҳар се кишвар бо Амрико ҳамкориҳои зичи сиёсию амниятиро ба роҳ мондаанд. Баъди августи соли 2021, пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико боз ҳам густариш ёфтанд. Аз ҷониби дигар, се ҳамсояи шимолии Афғонистон нуфуз ва таъсири ҷиддиро ба равандҳои дохилии он кишвар надоранд. Баръакс, тағйири сиёсату рӯйкарди Покистон нисбат ба Толибон барои Амрико мушкилиҳои муайянеро ба бор оварда метавонад.

Амрико дар давраи маъмурияти нави Доналд Трамп бо Чин, Русия ва Эрон дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна рақобат хоҳад кард?

— Ба эҳтимоли зиёд рақобат каме “сахт” мешавад, чун алакай имрӯз баъзе нишонаҳои он ба назар мерасанд. Ба эҳтимоли зиёд, рақобатҳои Амрико бо Чин дар ҷуғрофиёи Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар афзоиш меёбад ва он ҳам ба садгузории ҷаҳонии Пекин вобаста хоҳад буд. Рақобат бо Русия ва Эрон дар зинаи дуюм қарор хоҳанд гирифт, чунки ин ду кишвар бо Чин ҳамкориҳои наздик доранд ва “маҳдуд” гардидани ҷойгоҳи Пекин дар минтақа мутаносибан ба коҳиши нуфузу таъсири Маскав ва Теҳрон оварда мерасонад. Ҳолати мазкур барои кишварҳои Осиёи Марказӣ фурсатҳо ва чолишҳои наверо ба вуҷуд оварда метавонад ва танҳо сиёсати мутавозину бетарафонаи онҳо (кишварҳои минтақа солҳои дароз ин роҳбурдро амалӣ мекунанд) нӯшдори беҳтарин ба ҳисоб меравад.

Агар соҳаи рақобатҳоро ба назар гирем, Амрико дар самти Осиёи Марказӣ роҳбурди хоси иқтисодӣ надорад. Аз ин рӯ, эҳтимоли андаке вуҷуд дорад, ки чунин як сиёсати нав рӯйи даст гирифта шавад ва  Амрико бо Чин, Русия ва Эрон вориди рақобат шавад. Ба эҳтимоли зиёд, рақобатҳо бештар дар фазои расонаӣ ва афкори умумӣ густариш меёбанд ва Амрико дар ин самт муваффақ хоҳад шуд. Зеро Чин аслан бо ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои минтақа ҳамкорӣ надорад ва доираи васеъи мардум намедонанд, ки ин кишвар чӣ паёме барои ватани онҳо дорад; Русия бо амалкардҳои охири мақомдорони худ (изҳороти ҳангомасози давлатмардон, бегонаҳаросӣ, фишор болои муҳоҷирони корӣ ва ғайра) афкори ҷамъиятии кишварҳои минтақаро ба муқобили худ шакл медиҳад; ва Эрон, ки аслан дар ин самт фаъолияте надорад. Ҷамъи ин омилҳо ба пирӯз гардидани Амрико дар рақобат барои шакл додани афкори мусбат перомуни худ дар ҷуғрофиё ва фазои расонаии минтақа мусоидат мекунанд.

-Оё роҳбурди Амрико дар давраи маъмурияти Доналд Трамп перомуни Осиёи Марказӣ тағйир мекунад?

-Вижагии роҳбурди Амрико перомуни Осиёи Марказӣ чунин буда, ки ҳамаи маъмуриятҳо рӯйкарди пайвастаро идома медоданд ва иқдомҳои якдигарро такмил мекарданд. Айни ҳол роҳбурди барҳоли Амрико барои кишварҳои Осиёи Марказӣ то соли 2025 аст ва роҳбурдҳои иҷроии Амрико барои ҳамаи панҷ кишвари минтақа дар доираи ҳамин ҳуҷҷат таҳия шудаанд. Аз ин рӯ, пас аз адои савганди Доналд Трамп муносибати Амрико дар марҳилаи аввал перомуни минтақа ба эҳтимоли зиёд чандон тағйир нахоҳад кард. Агар тағйире сурат бигирад, ба эҳтимоли зиёд дар соли 2025 иттифоқ хоҳад афтод.

Мусоҳиб: Суҳроби ЗИЁ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *