Ҷанҷол бо табарзанӣ анҷом ёфт
Бино ба иттилои ВКД, 30.08.с.2017, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини деҳаи Сангобаи ноҳияи Н.Хусрав бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршуда, рӯзи 25-уми июни соли 2017, тахминан соати 16:30-дақиқа, бо марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо табари дар дасташ буда, 1 маротиба ба сараш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ