Дулан дар Варзоб таркид (Видео)

Шаби 31 август дар километри 42-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар минтақаи Ҳушёрӣ як мошини боркаши пурз аз газ таркидааст. Ронанда ва ду мусофири мошин ҷароҳат бардошта, ба гуфтаи шоҳидон, шиддати таркиш чунон сахт буд, ки бордони мошинро ба он тарафи дарёи Варзоб партофтааст.

Шаби 31 август, соати тахминан 12-20 як мошини боркаши «Дулан”, ки бордонаш пур аз газ буд, дар километри 42-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, дар минтақаи Ҳушёрӣ таркидааст.

Далери Абдулло, сухангӯи IRS, ширкате ки нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқро бар ӯҳда дорад, рӯзи 31 август дар сӯҳбат ба хабарнигорон ин ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт: «Мошин вақте аз баландӣ пойин мешуд, балонаш мекафад ва дар натиҷа «самоторможение” ба амал меояд. Азбаски бордони мошин пур аз газ буд, таркиш рух додааст. Шиддати таркиш чунон сахт будааст, ки бордони мошинро ба он тарафи дарёи Варзоб партофтааст. Хушбахтона, касе дар ин ҳодиса ҳалок нашудааст. Кормандони IRS зуд ба ҷои ҳодиса расиданд ва алакай то соати 01-40 ҳама асароти таркиш бартараф карда шуда, мошини таркида низ аз роҳ гирифта шуд. ”

Далери Абдулло гуфт, дар натиҷаи ин таркиш ронанда ва ду мусофири мошини газ ҷароҳат бардоштаанд, вале ҷароҳатҳои онҳо ҷиддӣ нест. Бар асари таркиш ҳамчунин деворҳои як осоишгоҳи канори роҳ осеб дидаанд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳалли ҳодиса мегӯянд, шиддати таркиш хеле сахт буд ва бар асари он шишаҳои чанд хона низ шикаста, рехтааст.

Моҳи июли соли 2016 бар асари таркиши як мошини газкаши «Дулан” дар ноҳияи Бохтар як нафар ба ҳалокат расида, 17 тани дигар маҷрӯҳ шуда буд. Ин мошин вақте таркид, ки газашро дар як истгоҳи фурӯши маводи сӯхт дар роҳи Қӯрғонтеппа- Сарбанд холӣ мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *