Марям Замондон — Эрон — Тоҷикистон

 Танҳоӣ  

Дубора ин ману ин радди пойи такрорӣ,

Ва кӯчаю ғазалу буғзу ҷойи такрорӣ.

Дубора ин мани дар худ шикаста мечинад,

Сабад — сабад гули ғам аз садои такрорӣ.

Канори миз нишастаанд як қалам, ду се акс,

Ва қитъаи шеъру лабҳанду чойи такрорӣ.

Миёни фосилаҳо гум шудааст хандаи ман,

Сукути ҳар шабаму ҳой — ҳойи такрорӣ.

Дубора шаб шудаасту пилки шаҳр сангин аст,

Дубора ин ману ин радди пойи такрорӣ.

***

 Бо ту…

Бе ту бо ғурбату бо гарду ғуборам, чӣ кунам,

Кӯҳе аз васвасаҳо гашта ҳисорам, чӣ кунам.

Эй худо, косаи сабрам шуда лабрези ҷунун,

Охирин қатраи ин сабру қарорам, чӣ кунам.

Хаста шуд, марди қанорӣ, дил аз ин фосилаҳо,

Дар қафас фосилаҳоро нашуморам, чӣ кунам.

Сарзаниш ҳам бикунӣ боз туро мехоҳам,

Ман агар дил ба нигоҳат насупорам, чӣ кунам.

***

Ёди ӯ….

Аз  ин ҷо меравам, аммо пас аз худ,

Нишоне аз дилам ҷо мегузорам.

Аз ин ҷо меравам, аммо бидонед,

Ба рӯйи қалби худ по мегузорам.

***

Сароб  

Фикр кардам зиндагиро метавон тасхир кард,

Дар канорат шод буду қиссаро таҳқир кард.

Фикр кардам мешавад торикии шабро надид,

Чеҳраи хуршедро бо хандааш тасвир кард.

Қатра буду орзуят мисли уқёнусҳо,

Оҳ аз хуршед, дарёи дилам табхир кард.

***

 Ғуруб

Сабр  кун ишқ замингир шавад, баъд бирав,

Ё дил аз дидани ту сер шавад, баъд бирав.

Эй кабутар, ба куҷо, қадри дигар тоб биёр,

Осмон пойи парат пир шавад, баъд бирав.

Ту агар кӯч кунӣ буғзи гулӯ мешиканад,

Сабр кун гиря ба занҷир шавад, баъд бирав.

Хоб дидӣ, ки шаб аз роҳ саворат омад,

Бош, то хоби ту таъбир шавад, баъд бирав.

مریم زماندان- ایران- تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *