Аноргул духтарашро дар таваллудхона монду баъди 5 сол гирифт

Суди шаҳри Иркутски Русия Мария Ғайбуллоева — духтарчаи 5-солаи тоҷикро, ки як оилаи бурят ба фарзандхондагӣ гирифта буд, ба падару модари аслиаш баргардонд. Марияро соли 2017 модари тоҷикаш Аноргул дар таваллудхона гузошта рафта буд.

Аноргул Ғайбуллоева Машаро рӯзи 3-юми октябри соли 2017 дар яке аз таваллудхонаҳои Иркутск ба дунё овард, вале бо сабаби номаълуме кӯдакашро он вақт аз таваллудхона нагирифт. Аммо Аноргул санади даст кашидан аз ҳаққи модариро низ имзо накардааст.

Татяна Плетан, муовини вазири рушди иҷтимоии вилояти Иркутск нақл кардааст, ки Маша як муддат баъди таваллудаш дар бемористони кӯдаконаи Ивано-Матрёнинская қарор дошт ва моҳи декабри соли 2017 ба оилаи Бухашеевҳо дода шуд. Бухашеевҳо моҳи феврали соли 2018 ба ҳайси васии Маша дониста шуда, барои нигоҳубини ӯ аз давлат кумаки пулӣ мегирифтанд. Соли 2018 онҳо Марияро расман ба фарзандхондагӣ пазируфтанд.

Вале дар миён падару модари аслии Мария пайдо шуданд. Моҳи апрели соли 2018 падари Маша Азиз Асадов ба суди Иркутск даъво бурд, ки дар санадҳои Маша ӯро ҳамчун падар зикр кунанд ва фарзандашро баргардонанд. Суд низ ба ин далел, ки қонунгузорӣ наметавонад монеи ба волидони воқеияш баргардондани кӯдак шавад, Машаро ба Аноргул ва Азиз баргардонд.

Вале Михаил Бухашеев, падархонди Маша мегӯяд, оилаи онҳо, ки аз бефарзандӣ ин тифли тоҷикро ба фарзандӣ гирифта буд, бо ин қарори додгоҳ розӣ нест ва бо ҷалби ҷомеа талош хоҳад кард, то Машаро ба онҳо бозпас бидиҳанд.

“Мо аз ин қарор шикоят мекунем. Даъво мекунем, то охир меравем. Дилам хун мешавад аз фикри ин, ки ӯ дар онҷо чӣ ҳол дорад? Ман чӣ гуна ба ин кӯдак хиёнат кунам? Ман чӣ, попӯшҳои ӯро бояд ба қуттии ахлот партояму фаромӯшаш кунам? Не, албатта. Ин кӯдак дар зери пӯсти худ ҳамеша ёди моро нигоҳ хоҳад дошт. Ӯ ҳамагӣ ду моҳ дошт, ки мо ӯро ба фарзандӣ хондем. Ӯ барои мо яктост…”,- гуфтааст Михаил Бухашеев.

Феълан, Мария ҳамроҳи модараш ба сӯйи Тоҷикистон роҳ пеш гирифтааст.

Ф. БОБОЕВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *