Хушхабар: Хонандагони тоҷик аз Олмон тилло оварданд!

Шаш нафар хонандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд, ки санаи 19-уми июл ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои дақиқ: табиатшиносӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ ба шаҳри Франкфурти кишвари Олмон сафарбар гардида буданд, Тоҷикистонро дар олимпиадаи фаннӣ шоиста муаррифӣ намуда, 4 медали тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ ва 1 ҷойи ифтихориро аз фанҳои математика, технологияи иттилоотӣ ва табиатшиносӣ ба даст оварданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар маросими истиқболи расмӣ, ки назди майдони пайкараи Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ сурат гирифт, хонандагонро Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, намояндаи Раёсати маорифи вилоят, маъмурияти Литсей ва волидайну ҳамсабақон пешвоз гирифта, гулу гулдастаҳои тоза тақдим намуданд.

— Фирӯза Нуруллозода хонандагонро аз номи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо дастоварди беназирашон таҳният гуфта, барои афзун намудани муваффақияти тоза комёбиҳои нав орзу намуд. Таъкид шуд, ки хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналхалқии бонуфуз кишвари маҳбуби моро ба тариқи шоиста амуаррифӣ намуда, бо дастовардҳои назаррас ба Ватан баргаштанд, ки ифтихори ҳамагон аст,- меафзояд манбаъ.

Лозим ба таъкид аст, ки олимпиадаи фаннӣ санаи 23-юми июл аз фанни математика ва санаи 24-уми июл аз фанни табиатшиносӣ ва технологияи иттилотӣ баргузор гардида, хонандагони болаёқати Литсей дониши худро аз рӯи 2 фанни таълимӣ санҷида, ғолиби олимпиада гардидаанд. Аз ҷумла, Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясминахон, Негматуллоев Акмалҷон аз фанни математика ва Мамадҷонов Меҳроҷ аз фанни технологияи иттилоотӣ ҷойи аввал ва соҳиби медали тилло, Маъсумова Фарина ва Саидаҳматзода Салимбек аз фанни математика ва табиатшиносӣ ҷойи 2-юм ва соҳиби медалҳои нуқра, Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясмина, Мамадҷонов Меҳроч аз фанни табиатшиносӣ ҷойи 3-юм ва соҳиби медали биринҷӣ ва Негматуллоев Акмалҷон аз фанни табиатшиносӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардидаанд.

Дар умум, дастаи олимпии Тоҷикистон дар ин олимпиадаи фаннии сатҳи ҷаҳонӣ 12 ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардидааст, ки ин натиҷаи беҳтарин байни 93 кишвари олам ва наздики 8 ҳазор иштирокчиёни озмун ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *