Ҷарроҳии 8 ҳазордоллара дар клинакаи Суғд
Масъулони Раёсати тандурустии вилояти Суғд талаби тақрибан 8 ҳазор доллар барои ҷарроҳии қалб дар ин минтақаро тасдиқ карда, гуфтанд, ки ин ҳолат дар бемористони хусусӣ шудааст, на давлатӣ.
Аввали ҳафта Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд аз дағалтар шудани муносибати пизишкон шикоят карда ва гуфт, ки ҳатто барои як ҷарроҳӣ аз сокинон аз 7 то 8 ҳазор доллар пурсида мешавад. Ӯ гуфта буд: «инҷо Япония не-ку. Духтур ҳам аз куҷо – Япония ё Америка?Мардуми бечора аз куҷо 7-8 ҳазор доллар меёбад?.» Масъулони Раёсати тандурустии Суғд аз ин изҳороти раиси вилоят ҳодисаи 8 ҳазор доллар нархгузорӣ шудани ҷарроҳии қалбро таҳқиқ кардаанд. Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори раёсати тандурустии Суғд гуфтааст, ки ин ҳодиса дар намояндагии бемористонҳо дар Хуҷанд рух додааст. «Як бемор барои ҷарроҳии дил муроҷиат кардааст. Дар беморхона гуфтаанд, ки ҷарроҳиро хуб анҷом медиҳанд, вале арзиши он 48 ҳазор сомонӣ, тақрибн 8 ҳазор доллар мешавад. Он маблағро аз рӯи ҳуҷҷат мегиранд. Он бемор ранҷида, ба раиси вилоят шикоят кардаст. Мо ин мушкилро таҳқиқ намудем ва маълум шуд, ки дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ чунин нарх надоранд» гуфтааст ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ