Ҳукумати Фарғона: Мардум, ба ҳокимият тапак диҳед!

Инак  тӯли ду ҳафта аст, ки зиёда аз 30 корманди истгоҳи санитарию эпидемиологӣ (ИСЭ)-и ноҳияи Учкуприки вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон хона ба хона гашта, аз сокинони ин минтақаи барояшон дастнорас будани қувваи барқ талаб мекунанд, ки эшон сари ҳар чорвои калони шохдор як  қопи каҳборкуни саргини хушки  гов ( ба ӯзбекӣ «навоз», ба тоҷикӣ «тапак»)  тайёр намуда, дар назди дарвозаҳояшон монанд, масъулин омада мебаранд.

Тавре, ки портали хабарии «Фарғона» хабар медиҳад, вақте сокинони Фарғона сабаби ҷамъоварии «тапак»-ро пурсон шуда, шикоят мекунанд, ки «мо бе ин ҳам дар зимистон барқ надорем, ягона маҳсулоти гармимедодаи мо ҳамин тапак аст, шумо бошед, ҳаминро ҳам аз мо мегиред. Баъд мо дар зимистон бо чӣ бухориҳои бобоиямонро гарм мекунем?» масъулин ҷавоб медиҳанд, ки ин фармони ҳокимият аст,  ки дар навбати худ ин ниҳодро сарвазири Ӯзбекистон роҳбарӣ мекунад.

 Яке аз сокинони Фарғона бо норозигӣ чунин арз намудааст:

« Дирӯз ба хонаи мо посбони семоҳаи маҳалла (ёрирасони ихтиёрии милиса, ки ҳар сари се моҳ аз ҷониби идораи милиса дар ин ё он маҳалаи манотиқи гуногуни Ӯзбекистон интихоб мешавад) ҳамроҳи ду корманди хушлибоси  истгоҳи санитарию эпидемиологии вилоят омада, аз ман пурсиданд, ки чанд гов дорам. Гуфтам, ки мо шукрона, ду гов дорем. Он гоҳ онҳо гуфтанд, ки « Шумо вазифадор ҳастед, ки ба мо ду қоп «навоз» диҳед. Тапакҳоро дар коп бор карда, дар беруни дарвозаатон монед, кормандони мо худашон омада, мебаранд» . Ман ба ин талаботи онҳо розӣ нашуда гуфтам:

— Охир ин чӣ хел мешавад? Мо дар зимистон на газ дорем, на барқ, хонаҳоямонро бо ҳамин тапак гарм карда, нону хӯрокамонро низ бо ҳамин ягона «дастовард»-и худододамон мепазем. Вақте шумо ҳамин ягона манбаи гармии моро гиред, мо бо чӣ хонаамонро гарм карда, нонамонро мепазем?

 Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки ин фармони сарвазир аст».

Аммо фаъолони маҳалла мегӯянд, ки масъулини ИСЭ воқеан ҳам фармони сарвазирро иҷро мекунад:

— Дирӯз як гурӯҳи калони ИСЭ ҳамроҳи ду корманди соҳаи тиб ва як посбони ихтиёрӣ омада буданд. Онҳо қопҳои аз тапак пуркардашудаи сокинонро ба трактор бор карда, бурданд.

Ба гуфти корманди маъмурияти ноҳияи Учкуприк онҳое, ки тапак додан намехоҳанд, метавонанд, ки саргини тар диҳанд, ки онро ҳамчун пору барои ҳосилнокии замин истифода мебаранд. Дар акси ҳол бояд рафта дар фермаҳои чорвопарварӣ  барои ҷамъоварии тапак, ҳамчунин тапаккунӣ сафарбар карда мешаванд.

 «Дар дасти ман фармони ҷаноби вазир аст, ки дар он гуфта мешавад:

— Барои тоза нигоҳ доштани муҳит онҳое, ки саргини тар ё хушки чорво доранд, махсусан фермаҳои чорвопарварӣ,  ба давлат супоранд. Масъулияти назорати раванди тапакҷамъкунӣ ва саргини тари чорво ба дӯши кормандони ИЭС вогузор карда шавад» арз намудааст намояндаи ҳокимияти маҳаллии Учкуприк.

Дар ҳамин ҳол зикр кардан ба маврид аст, ки дар Ӯзбекистон тапак на танҳо ҳамчун манбаи асосии сӯзишворӣ дар зимистон барои аҳолии ин кишвар маҳсуб меёбад, балки ҳукумати Ӯзбекистон онро ба мамолики хориҷ, асосан Ғарб бо пули калон мефурӯшад. Ин аст, ки мардуми Фарғона ҷуз норозигӣ баён кардану ноилоҷ бедилона бароварда додани ягона манбаи гармкунии хонаҳояшон дар зимистон илоҷи дигаре надоранд.

Аммо саргинҷамъкунии ҳукумат ягона хабари «даҳшатовар» барои мардуми Ӯзбекистон набуда, ҳукумат иҷборан ҳатто одамони зиёиеро, ки  аз рӯйи ихтисос ҳеҷ рабте ба пахтачинию хишова  надоранд, ба саҳро мефиристонад. Ва ё барои сохтмони биноҳои баландошёна ё ҳеҷ набошад барои тоза намудани ин ё он гӯшаи «ифлосшуда»-и Ӯзбекистон мефиристонанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *