Арзиши хизмати ҳарбии пулакӣ 51 ҳазор сомонӣ шуд
Ҳамасола бо наздик шудани мавсими даъвати ҷавонон ба сафи артиш ин масъала аз ягон ҷиҳат доғ мешавад. Имсол ҳам, гарчанде мавсим фаро нарасидааст, сарусадо атрофи хизмати ҳарбии пулакӣ “гарм” шуд.
Тағйироти калон
Аз 1-уми сентябри соли 2023 арзиши хизмати ҳарбии пулакӣ дар Тоҷикистон 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар мешавад. Маблағи мазкур бо назардошти нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2023, ки 68 сомонӣ муқаррар гардидааст, 51 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин хусус аллакай қарори лозима қабул шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳоло маблағи хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ ё хизмати пулакӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 28 ҳазору 560 сомониро ташкил медиҳад.
Яъне, акнун Ҳукумати кишвар бо ворид кардани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2021, №299 “Дар бораи “Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ” ҳаҷми маблағ барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираи даъвати сафарбаркуниро аз 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳои пешин ба 520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо иваз кардааст.
Гуфта мешавад, ки қарори ҳукумат дар бораи ворид кардани тағйирот рӯзи 31-уми июли соли 2023, таҳти №332 имзо шудааст.
Тартиботи хос
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хизмат дар артиш ҷалб мекунанд ва ин раванд тартиботи худро дорад. Дар навбати худ, хизмати ҳарбии пулакӣ ҳам дорои тартиботи хоси худ аст.
Қаблан Ҷовид Пирзода, ҳуқуқшиноси Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфта буд, ки қабули шаҳрвандон барои адои хизмати ҳарбии пулакӣ дар доираи квотаи муқарраргардида амалӣ мешавад. Дар сурати аз доираи квота бештар муроҷиат кардани аҳолӣ онҳо метавонанд дар даъвати минбаъда ба хизмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шаванд.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ гуфта буд, ки квота ё нақша барои хизмати ҳарбии пулакӣ дар асоси қарори махсус то оғози мавсими даъвати ҳарбӣ муайян шуда, бо Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мувофиқа мегардад. Ӯ гуфта буд, ки нақша вобаста ба муроҷиати аҳолӣ дар ҳар мавсими даъват каму зиёд мегардад.
“Вақте шаҳрванд ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат мекунад, мебинанд, ки ӯ қобили хизмат аст ё не. Омӯзиш мегузаронанд. Масалан, баъзеаш донишҷӯ аст, қисми дигар беморанду ҳуқуқи ба таъхир гузоштани хизмати ҳарбиро доранд. Баъд мувофиқи квотае, ки барои комиссариати ҳарбӣ муайян шудааст, аввал нақша муайян мешавад”,- афзуда буд мавсуф.
Ин масъули Вазорати мудофиа иттилоъ дода буд, ки пойгоҳҳои таълимиро зиёд карда истодаанд ва марҳила ба марҳила квота барои хизмати ҳарбии пулакӣ ҳам зиёд карда мешавад.
Маблағ куҷо меравад?
Тавре ишора кардем, дар самти хизмати ҳарбии пулакӣ баҳсу баррасиҳо зиёд ва мухталифанд. Аз ҷумла, бисёриҳо ба масъалаи дар куҷо истифода шудани маблағи аз хизмати ҳарбии пулакӣ бадастомада таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Бино ба шарҳи Вазорати мудофиаи кишвар, маблағи пешбинишуда ба суратҳисоби махсуси Вазорати мудофиа тавассути “Амонатбонк” супорида мешавад. Расиди он бояд дар муҳлати 5 рӯзи корӣ баъди супоридани ариза ба комиссариат пешниҳод гардад. Ҳамаи маблағро якбора бояд супорид.
Маблағе, ки барои хизмат дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати мудофиа гузаронида мешавад, пеш аз ҳама, барои таъмини амволи шайъӣ, маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, лавозимоти ҷангӣ ва дигар намуди таъминот, ки ҳангоми гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбии саҳроӣ пешбинӣ гардидааст, истифода мешавад.
Ҳамзамон, сарфи маблағи мазкур барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ равона мегардад.
Акнун, ки маблағи хизмати ҳарбии пулакӣ ба таври назаррас боло бурда шуд, шояд сафи талабгорон коҳиш ёбад. Аммо, бояд ёдоварӣ намуд, ки аз моҳи декабри соли 2022 то феврали соли 2023-юм 1 ҳазор ҷавони тоҷик бо пардохти қариб 27 млн сомонӣ хизмати ҳарбии пулакии тирамоҳиро адо карда буданд. Ҳамин тариқ, дар даъвати баҳории соли гузашта 1 ҳазору 200 ҷавони тоҷик бо пардохти 32 млн 256 ҳазор сомонӣ хизмати ҳарбии пулакиро адо кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 парлумони Тоҷикистон Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро дар таҳрири нав қабул кард, ки тибқи он минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хизмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил гарданд.
Б. НЕЪМАТУЛЛО
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ