Асардуздӣ “Диссернет” дурӯғ мегӯяд ё баёнгари воқеият аст?

Таркиши “Дисернет”- ро  метавон ба ҳар шакл тафсир дод. Он метавонад, чуноне ки Муллоҳасан Тӯраев, магистри ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ LLM мегӯяд: “супоришӣ ва аз ҳар ҷиҳат моҳият ва ғарази сиёсидошта, дар он ҳуҷуми ҳадафмандона ба рисолаҳои  илмии олимон ва шахсиятҳои тоҷик (?)ҳамчун равиши нави ҳуҷуми иттилоотӣ ба Тоҷикистон…” ё иқдоме, ки дар заминаи воқеият сурат гирифтааст, баррасӣ шавад. Албатта, ба муаллифоне, ки аз ин ду яке аз шаклҳои баҳодиҳиро интихоб мекунанд, низ “баҳо” дода мешавад. Онҳоро ё “дӯст” ё “душман”-и миллат мехонанд. Аммо  аксиомае ҳаст: то мо ҳақиқатро баён ва қабул накунем, дар ботлоқи ғафлат хоҳем монд. Албатта, муҳим нест, ки дар пушти “Дисернет” кӣ меистад. Бигзор он ҷо душманони миллати рус ва тоҷик истода бошанд. Вале аз ин Русия воҳима барпо накард, баръакс Сарвазири ин кишвар эрод  ба олимтарошон гирифт ва зимнан мисли замбурӯғи  баъд аз борону раъди  барқ  зиёд шудани  соҳибунвонони майдони илмро дар ВАК зикр намуд. Бисёриҳо бар он андеша ҳастанд, ки то шамол нашавад, барги дарахт намеҷунбад. Албатта, аз куҷо хестани шамолу чӣ гуна ҷунбидани барги дарахт мавзӯи муҳокима нест. Шояд даст бар тадқиқи рисолаҳои номзадию доктории соҳибмансабони тоҷик задани муҳаққиқони “Дисернет” беасос набошад. Онҳо хуб медонанд, ки шахсони масъуле, ки пой бар рикоби илм гузоштаанд, на танҳо вақти рисолаи илмӣ, балки ба сар хоридан ҳам фурсат надоранд. Зеро масъулияте, ки давлат, Роҳбари давлат бар дӯши онҳо гузоштааст, чунон сангин аст, ки агар 24 соат кор кунӣ ҳам, вақт намерасад. Чуноне ки худи Пешвои миллат аз субҳи содиқ то умқи шаб дар дафтари корӣ ҳастанд. Ин гуфта ҳаргиз маънии онро надорад, ки рисолаҳои беш аз 30 нафар аз масъулини давлатӣ қобили эътироф нестанд. Шояд ҳастанд. Аммо бояд ғурури олимии муаллифони ин рисолаҳо боло гирад ва мисли Раиси Думаи давлатии шаҳри Маскав ва вазири алоқаи Русия садо баланд кунанд ва рисолаашонро дубора ҳимоя намоянд.

Баъзе садоҳо ба гӯш мерасанд, ки “Дисернет” барои ташхиси як рисола 145 000 рубли русӣ (наздик ба 211 000 сомонӣ) сарф мекунад. Шояд. Алҳол дар бозори сиёҳ нархи рисолаи номзади илм аз 3 то 5 ҳазор доллари ИМА, рисолаи докторӣ 10 000 доллари ИМА аст. Биёед, ба оқибатҳои рисолаҳое, ки ба истилоҳи “Дисернет” плагиат ҳастанд, назар меандозем. Агар натиҷаҳои онҳо дурӯғин бошанд, ба илм ва истеҳсолот чӣ таъсире хоҳанд дошт? Шояд миллионҳо доллар зарар расонанд? Ин ҳам, албатта, тадқиқ мехоҳад.

Аммо масале ҳаст: “Моро, ки ҳисоб пок аст, аз муҳосиб чӣ бок аст”. Рисолаҳое, ки дар Тоҷикистон ба ин тариқ ҳимоя мешаванд, аслан дар риштаи иқтисод ва ҳуқуқ ҳастанд. Албатта, агар онҳо асил буданд, иқтисод пеш меравад ва қонуният устувор мегардад.

Як нафар дӯсти ман изҳор намуд:

““Дисернет”- ин як нафар не, балки гурӯҳи махсусе аст, ки бо роҳи муқоисаи корҳои илмӣ манбаи  рӯбардоркунии   ин ё он кори илмиро қисман ва ё пурра муайян мекунад…Ана ҳамин  марказ рӯйхати плагиатро чоп менамояд…

Минбаъд ӯ муфассал дар бораи ин тарзи ошкор намудани асардуздӣ ба ман ним соат “лексия” хонд. Вале барои ман муҳим он набуд, ки асардуздӣ бо кадом роҳ фош мешавад, балки муҳим он буд, ки чаро олимон ва ё олимшавандаҳои мо  ба ин рӯихат шомил гардидаанд? Акнун онҳое, ки ба гурӯҳи калони олимони ҷавон ва дар донишгоҳу донишкадаҳо ба дигарон дарс меомӯзанд,  пас аз ин амали “Дисернет”  чӣ гуна худро дар назди зердастон ва шогирдон ҳумчун шахси унвони илмидор “ба намоиш мегузоранд”? Агар деҳқонфаҳм карда гӯем, ҳоло ин “Дисернет”, мисли он ки бо даст  дар бозори “Корвон” ба сӯи кисабур ишора карда мегӯянд: “Ана дузд, эҳтиёт бошед!” рафтор карда истодааст…

Корхонаи “Истеҳсоли диссертатсияҳо” 

 

-Барои ман хеле таассуфовар аст, ки ба ин рӯйхат чандин нафар  олими тоҷик шомил шудаанд,-мегӯяд академик  Муҳиба Яъқубова,  раиси Шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар соҳаи паразитологияи ВАК-и Русия. -Ман намедонам онҳо шояд аз беэътиноӣ ва ё ягон беҳавсалагӣ ба ин кор роҳ дода бошанд, вале ин зарба ба илми тоҷик, зарба ба обрӯи ҳар як олими поквиҷдони тоҷик аст…

Доктори илмҳои иктисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бошад, мегӯяд:

— Устоди мо, академик  Раҳимов Рашид Каримович мегуфтанд, ки аз плагиат дида, гӯшти хар хӯред, беҳтар аст.   Ин як шармандагӣ дар илм аст.  Умуман, ба чиновник  унвони илмӣ чӣ лозим? Агар олим бошад, ба илм равад.   Магар ба раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” унвон шарт аст? Ин танҳо як мусобиқаест, ки байни чиновникҳои мо вуҷуд дошт. Дар замони шӯравӣ ин кор ҷиноят ҳисоб мешуд. Он замон, барои он ки унвони илмӣ доштеду  аммо дар истеҳсолот кор мекардед ва  ё ягон вазифа доштед, имтиёз мавҷуд буд. Ҳоло,ки чунин нест, чаро ҳама “унвонҷӯй” шудаанд?  Путин  чунин шахсони унвондори  дар кори давлатибударо аз кор озод карда, маслиҳат дод, ки барои он ки нафъашон ба кишвар бештар расад, бояд ба муассисаҳои илмӣ раванд. Ман нафареро медонам,ки “корхонаи истеҳсолкунандаи диссертатсияҳо “ дорад ва онҳоеро низ медонам,ки аз ин “хизмати хирсона” истифода бурдаанд. Аммо ин як шармандагии ҷуброннопазир ҳам ба илм ва ҳам ба “олим” аст…

Воқеан, Умаров,  дар мавриди он ки олимони воқеӣ ва  “мутахассисони рисоланавис” дар шарманда шудани номазаду докторҳои фошшуда саҳм доранд, ҳақ аст ва чаро чунин шудааст, дар поёнтар хоҳем гуфт.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқшиносӣ бошад, дар ин маврид  ба рафтори олимони воқеӣ назари интиқодӣ дорад ва мегуяд:

-Савдои рисолаҳои илмии номзадию докторӣ кайҳост, ки бар хилофи одоби касбӣ  объекти харидуфурӯш ва муносибатҳои коррупсионӣ низ шудааст. Ба ғайр аз ин, маҳалгароӣ,  истифода аз робитаҳои авлодию хонаводагӣ  ва мансаби давлатӣ  низ ҷиҳати навиштани рисолаҳои илмӣ ва таъмини кафолати минбаъдаи ҳимояи онҳо дар шӯроҳои илмии марбута ба падидаи манфӣ табдил ёфтааст. Боиси таассуф аст, ки аксарияти бо ном олимону муҳаққиқон дар чунин амали ғайриахлоқӣ робита доранд. Онҳое,ки  дар илм ва низоми маориф тасодуфианд ва  дар макомоти гуногуни давлатӣ ва соҳаи илму маориф мақом,  ваколат, салоҳият ва имтиёз доранд, дар  кору фаъолияти дигар олимону муҳаққиқони боистеъдод халал ворид  менамоянд…

Коррупсияи маънавӣ ё “бизнеси илм”?

Боз як андешаи олимеро сари ин мавзӯъ меорем,ки номаш дар олами илми ҷаҳонӣ ниёз ба муаррифӣ надорад.

Академик  Акбари Турсон мегӯяд, ки дар кишвар ҳоло “бизнеси илм” арзи вуҷуд кардааст. Ба қавли ӯ, “бозори сиёҳи рисоланависонӣ ва диссертатсияхарӣ кайҳо тафсида,олимонеро медонам, ки корашон таҳрири илмӣ ё забонии рисолаҳои номзадию доктории хому хатилаи олимшавандагон мебошад. Инҳо зуҳуроте мебошанд, ки ман онро «коррупсияи маънавӣ» унвон мекунам.”

Академик Турсон,  вақте ки ин суханонро мегӯянд, шояд нархномаи ин “бозори сиёҳ”-ро надонад. Заминаи инро онҳое, ки аз ин “бизнес” огоҳанд, ҳанӯз курсии донишҷӯӣ  мегӯянд. Дар донишкадаю донишгоҳҳо нафароне ҳастанд,ки ба ивази маблағи муайян барои дониҷӯёни танбал кори курсию кори дипломӣ менависанд. Ҳатто дар ёд дорам, нафаре ба ҳамкорони мо ҳам муроҷиат намуда буд, ки кори дипломиашро “договорной” навишта диҳанд. Чуноне ки дар боло зикр намудем, мувофиқи  гуфти баъзе  аз “ошкорбаёнҳо” то имрӯз рисолаи номзадӣ аз 3,5 то 5 ҳазор долари амрикоӣ ва рисолаи докторӣ то 10 ҳазор доллар нарх доштааст. Ҳамаи ин ба хотири чист ва чаро онҳое,ки ҳунари пеш бурдани кори илмиро доранд, ба чунин кор даст мезананду бо рисолаҳои хому хатала ва рӯйбардоркардаи худ номи шахсони маъруфро бад мекунанд? Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки шояд ин ҷо манфиати молии чунин “нависандаҳо”,  ки аз ҷои кори худ даромади лоиқи хидматашонро ба даст оварда наметавонанд, сабабгор бошад? То андозае ба ин розӣ шудан мумкин, вале кӣ ба онҳо халал расонидааст, ки “илмашонро ба амал” як карда, кашфиёташонро дар истеҳсолот ҷорӣ намоянд ва аз натиҷаи меҳнати ҳалоли худ даромади иловагӣ ба даст оранду дигаронро бо “заказ”-ҳои  бо роҳи плагиат иҷро кардаашон дар назди ҷомеа “сурху сафед” накунанд?  Албатта,   худи “заказчикҳо” бо ҳимояи рисолаҳои  илмӣ мехостанд номи баланди худро боз ҳам баландтар кунанду дар маҳфилҳо ба вазифаашон, ҳамчунин унвони илмиашон низ зам гардад, аммо оқибати кор тавре шуд, ки бояд мешуд. Як чиз яқин аст, ки ҳаргиз  дурӯғ гуфтан ва гумроҳ кардани ҷомеа ба касе обрӯ зам накардааст.Тавре мардум мегӯянд, “дуздӣ зери саргини хар…”

Ин ҷо шояд на ба ҳамаи гуфтаҳои ин олимон, ки воқеан ҳам дар соҳаи илм номдоранд, розӣ шавем, вале як нуқтаи назар аён аст,ки чунин роҳи “олимшавӣ” на танҳо ба обрӯи худи унвондор, балки  ба обрӯю эътибори кишвар ва илми тоҷик зиёни калон мерасонад.

 

 

Депутат ҳимоя мекунад, Президент танқид…

Имрӯзҳо сари масъалаи он,ки ошкоркунии Диссернет “фитнаи душманон” аст ё воқеияти ҳол, баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷӯшанд. Аксари онҳое,ки зиёиашон меномем,  вақте

 ки дар ин бора сухан мегӯӣ, чашмашонро мегурезонанд ва ҷавобҳои муғлақ медиҳанд. Хулоса, касе дар ин бора сухан гуфтан намехоҳад. Аммо бо он, ки шутурмурғ сарашро ба реги биёбон пинҳон мекунад, мушкилот аз байн  намеравад. Роҳи ҳалли ин  масъалаи нозукро акнун на мою шумо,балки онҳое бояд  ёбанд, ки ба ин рӯйхат афтодаанд. Аллакай як нафар аз эшон дар бораи аз сари нав ҳимоя кардани  рисолаи илмӣ тасмим гирифтааст…”Олим бошӣ, такрор кун, деҳқон бошӣ, шудгор…” гуфтаанд, ки ин плагиат нест, балки  сухани халқ аст…Бо он,ки  имрӯз кори “Диссернет”-ро ҳамлаи навбатии душманони миллат ва ҳуҷум ба сиёсати роҳбарият”мегӯем, масъала ҳал намешавад ва бояд коре кард, ки ба ин душманони миллат имкони таънаю маломат надиҳем. Ҳарчанд  Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони парлумони кишвар  ин фошкориҳоро зери суол бурдааст, аммо тавре ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гаштааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амали асаррабоиро маҳкум ва зери интиқоди шадид қарор додаанд. Зеро ин ҷо сухан танҳо дар бораи 2-3 соҳибмақоми соҳибдиплом намеравад, сухан дар бораи маъмул гаштани рисолаҳои навиштаи олимон барои олимтарошон меравад, ки мисли заҳрпечак майдони киштро фаро мегирад. Онҳо аз кори курсӣ сар карда, то рисолаи докторӣ доман мекашанд.

Ҳар беша гумон мабар, ки холист…

Дар мавриди он ки миллати мо сарчашмаи кашфиётҳои бузурги илмӣ дар гузашта буду имрӯз насли ҷавони олимон аз онҳо камтар нестанд, , касе дар ҷаҳон шубҳа надорад ва инро аз  “Тақвим”-и Хайёму “Риёзиёт”-и  Ал Хоразмӣ сар карда, то “Ал Қонун”-и  Буалӣ ҳама медонанд. Ҳоло  ҳастанд олимони воқеии мо, ки тайи  солҳои Истиқлолияти давлатӣ  дар пешрафти илми муосири ҷаҳонӣ  саҳми калоне гузоштанд. Масалан, кашфиёти ситорашиноси тоҷик  Гулчеҳра Қоҳирова чунин  натиҷа дод, ки  Иттиҳоди ҷаҳонии астрономӣ сайёраи хурди кашфкардаи ӯро  «Kokhirova»номгузорӣ кард. Олими  кимиё Биҳамида Маҳкамова барои эҷоди маҳлули гиёҳии “Фитосуман” дар  озмуни занони ихтироъкор дар Кореяи Ҷанубӣ дар миёни 400 зани донишманд ғолиб омаду  қадрдонӣ шуд.Соли 2015 бошад, олимони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон роҳи ташхиси хромосомаи филоделфӣ — ангезандаи саратони хунро кашф карданд, ки ба беморон имкон медиҳад  табобаташон  ройгон сурат гирад. Ин танҳо чанд намунаест, ки миллати илмпарвару олимзо   будани тоҷиконро собит месозад. Аммо он чӣ, ки “Диссернет” ошкор намуд, ҳаргиз ба илми асил иртиботе надорад.

Тоҷик ҳамеша бо илм ва адабиёташ ифтихор дошт ва ифтихор дорад!

 

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *