Ашт: Гург молҳоро кафонд ё чурубурӣ?

Дар кӯҳистони Ашт чорвои мардум ҳарчӣ бештар ҳадафи ҳамлаи чурубурӣ қарор мегирад. Чӯпонҳо агар қаблан аз талаф шудани чорвояшон аз ҳамлаи гург шиква мекарданд, мегӯянд, гург худаш як бало буд, ҳоло бо чурубурӣ ду бало болои сари онҳо шудаанд.

Дар баландкӯҳҳои ноҳияи Ашт чорвои шохдори майдаи чӯпононро чурубурӣ кушта, танҳо ҷигари чорворо мехӯраду ба боқимонда аъзои бадани чорво нигоҳ намекунад. Чурубурӣ ваё кафтор танҳо ҷигари молро мехӯрад ва ин намуд дарранда тоза чор сол инҷониб дар кӯҳҳои Ашт пайдо шуда, чорвои зиёдро талаф кард.

Таи чанд соли охир чӯпонони ноҳияи Ашт аз тӯъмаи гургон гаштани гов, гӯсфанд, асп ва бузашон сахт нороҳатанд, ин ҳам бошад дар замони баланд гаштани нархи гӯшт дар бозорҳои кишвар. Чӯпонон мегӯянд, ки асосан дар тобистон чорвои онҳо хӯроки гургу кафтор мешавад.

Раҳматулло, як чӯпон ба хабарнигорон гуфт, соле пеш 30 сар ва имсол 10 сар чорвои шохдори майдааш – асосан бухҳои навъи ангориашро чурубурӣ хӯрдааст: «Чурубурӣ ба паланг монанд аст ва танҳо бо хурд будани ҷуссааш фарқ мекунад. Мо онро бо лаҳҷаамон чурубурӣ меномем, вале дар асл ин ҳамон кафтор аст. Ба ҳисоби миёна ҳар як бузро 500 сомонӣ ҳисоб намоем, 15000 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ дидам. Дар се моҳи тобистон! Гург ҳатто як аспи бордорамро, ки баъди чанд моҳ бояд таваллуд мекард, хӯрд. Чӯпонон ҳамарӯза аз ҳуҷуми гургу чурубурӣ ба рамаашон шикоят мекунанд. Чанд рӯз қабл панҷ бузи ангори амакамро низ гург талаф намуд. Имсол ҳудуди 10 чорвоямро гургу чурубурӣ хӯрд. »

Ин ҳамсуҳбатам илова намуд, ки дар зимистон гург ҳатто ба хонаҳои мардум наздик мешавад ва одамро тарси зиёд фаро мегирад. Дар рӯи барф изи пои гургро ҳар лаҳза мушоҳида кардан мумкин аст.

Сӯҳроб ном чӯпон аз деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт гуфт, ки таи се соли охир ҳуҷуми гургон ба чорвояш зиёд шуд: «Дар зимистон чорворо дар кӯҳҳо танҳо намегузорам. Рӯзе аз қафои мол мерафтам ва ногоҳ ҳама чорво ба сӯи ман давид. Омада дидам, ки гург алакай як бузро куштааст.

Чӯпонон аз он ҳарос доранд, ки гург ба худашон ҳуҷум накунад. Аммо савол мегузоранд, ки то кай онҳо моли худро қурбони гургу чурубурӣ мекунанд?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *