Донишгоҳи тиббӣ соҳиби боз як бино шуд.

Қоҳир Расулзода, сарвазир ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар шаҳраки “Шифобахш”-и ноҳияи Сино Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро ба истифода доданд. 

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ маҷмааи мазкур бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ бунёд гардид: “Маҷмааи нав аз 2 блоки таълимӣ — блокҳои А ва В иборат буда, дар панҷ ошёна ҷойгир шудааст. Дар маҷмӯъ бинои нави таълимии донишгоҳ дорои 79 ҳуҷраҳои дарсиву корӣ, 5 толори хурду калони муҷаҳҳаз бо 345 адад компютер ва таҷҳизоти технологӣ, тахтаҳои электронӣ, бештар аз 80 адад камераҳои назоратӣ, мизу курсиҳои наву ҳозиразамон, монитору банерҳои фанниву умумӣ, муляжу маникен буда, аз 1920 ҷойи нишаст иборат аст. Масоҳати лоиҳавии маҷмааи таълимӣ 9400 метри мураббаъро ташкил дода, аз он 6156 метри мураббаъ масоҳати таълимӣ ва дар 2680 метри мураббаъ гулгашту роҳравҳо ҷойгир шудаанд”.

Қоҳир Расулзода ифтитоҳи боз як маҷмааи таълимиро ба устодону муҳассилини донишгоҳ табрик гуфта, онҳоро ба хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ ва хизмати содиқона ба нафъи мардум даъват намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *