Ашт: Роҳи ду деҳаи дурдаст азнавсозӣ мешавад
Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода бо сокинони деҳаҳои дурдасти Мулломир ва Кулихуҷаи ҷамоати шаҳраки Шайдон мулоқот намуда, баён доштааст, ки рӯзҳои наздик роҳ пурра азнавсозӣ мегардад.
Дар сафари корӣ раиси ноҳияро сардорони шуъбаҳою бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масуълини самти замин ва дигар шахсони дахлдор ҳамроҳӣ намудаанд.
— Сокинон ташаббуси раиси ноҳияро бо як овоз дастгирӣ намуданд. Гуфта шуд, ки рӯзҳои наздик корҳои роҳсозӣ оғоз мегардад,- иттилоъ дод дафтари матбуоти раиси ноҳияи Ашт.
Гуфта мешавад, ки бо дастури Шуҳрат Муҳаммадзода тамоми техникаҳои лозима барои роҳсозӣ сафарбар карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ