Тақдими маводи ниёзи аввал ба Муассисаи давлатии ММТКМ “Чорбоғ”

Аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” маводи ниёзи аввал, аз қабили орду равған, картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт ва ғайра тақдим карда шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Взорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ҷараёни тақдими маҳсулоти ниёзи аввал муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд.

— Қайд гардид, ки Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб” яке аз муассисаҳои фаъол дар самти ба тавонбахшӣ фаро гирифтани кӯдакони маъюб дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар он тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки кумаки Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар амалӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *