Бозии ҷанҷоливу бе голи “Хетафе” ва “Барса”

Бозии даври 1-уми чемпионати Испания миёни дастаҳои «Хетафе» ва «Барселона» ба анҷом расид. Дастаҳо дар «Колисеум Альфонсо Перес» дар Хетафе дар ҳузури 13 410 нафар бозӣ карданд. Бозиро ҳайати доварон таҳти роҳбарии Сезар Сото Градо доварӣ намуданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, вохӯрии дастаҳо бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 ба поён расид. Аз ҳайати “Барселона” Рафиня дар дақиқаи 42-юм корти сурх гирифт. Баъдан, дар дақиқаи 70-ум сармураббии дастаи “Барселона” Хави ҳам корти сурх гирифт. Дар дақиқаи 57-ум Хайме Мата аз ҳайати “Хетафе” корти сурх гирифт. 9 корти зард ба бозигарони ҳар ду даста нишон дода шуд.

Ҳамин тавр, дар ин вохӯрии ҷанҷолӣ дастаҳо имтиёзҳоро баробар тақсим намуданд.

Дар мавсими гузашта дар Ла Лига “Барселона” таҳти раҳбарии Хави 88 имтиёз ба даст оварда, қаҳрамони Испания шуд. «Хетафе» дар ҷои 15-ум қарор гирифта, 42 имтиёз ба даст оварда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *