Аслишо Акимбеков зодаи Ёвонро аз ҳоли «бомжӣ» наҷот дод
Аслишо Акимбеков, раиси бахши фарҳанг ва адаптатсияи диаспораи тоҷикон «Нур» субҳи имрӯз дар суҳбат бо мо гуфт, ки аҳволи нависандаи тоҷик Мир Зафар айни замон нисбатан беҳ гардида, мавсуф ҳатто нияти навиштани китоби навашро дорад.
Ёдовар мешавем, ки 28-юмт май дар шаҳри Санкт-Петербург донишҷӯёи Донишгоҳии давлатии телекомуникатсия, ба номи М.А Бонч-Буриевич Александр Гушин дар роҳ мардеро пайдо мекунад, ки қиёфаи тоҷикӣ дорад ва бо либосҳои жанда аз роҳгузарон кӯмак металабад. Баъди суоли ҷавоб бо ин тоҷики жандапуш маълум мешавад, ки ӯ нависанда Мир Зафар мебошад. Ин нависанда як маротиба бемории инсултро аз зар гузаронидааст ва чандон гузаштаро дар ёд надорад, аммо баъзе ҷузъиёти рӯзгорашро ба ёд оварда метавонад.
Аслишо Акимбеков дар хусуси ин марди тоҷик, ки рӯзгор ба кулфати кучагардӣ ва жандапӯшӣ водор кардааст, чунин қисса кард. Аслишо Акимбеков гуфт: “Александр ҳамон рӯз бо ман дар тамос шуда, дар хусуси ин марди тоҷикистонӣ нақл кард ва барои дарёфти пайвандонаш кӯмак хост. Вақте ки мо ба дидори Мир Зафар рафтем, ӯро дар ҳолати хеле бад дарёфтем, аз он ҳам бадтар, ки Александр зимни суҳбати телефонӣ нақл карда буд. Он замон Мир Зафар танҳо ҷойи истиқомати бародараш ноҳияи Тул ва писараш Егорро дар хотир дошт. Баъди пурсуҷӯҳои зиёд ӯ бо азобе ҷойи зисташ- Якутскро ба хотир оварда, афзуд, ки дар ноҳияи Ёвони Тоҷикистон ба дунё омадааст, дар Русия чанд бор аз ҷониби ашхоси номаълум мавриди истинтоқу лату кӯб қарор гирифтааст».
Ҳамин тавр Аслишо Акимбеков ба кӯмаки ин мард мешитобад ва 30-юми май чанд дона аксҳои ӯро дар саҳифаи иҷтимоияш нашр мекунад, то агар нафаре маълумот дорад, ба ӯ кӯмак кунад. Барои ёфтани хешовандони Мир Зафар ӯ ба Котиби матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ ва Сардори иттилоот, матбуот, таҳилил ва таҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои Хориҷии Тоҷикистон Вафо Ниятбеков низ дархост мефиристанд. Аслишо Акимбеков мегӯяд:«Мақсади мо ҷалб кардани таваҷҷӯҳи бештари мардум, махсусан одамони бетафовут нисбати бадбахтии дигарон буд, ки хушбахтона ба ин нияти некамон расидем. Зеро дар як муддати кӯтоҳ бо кӯмаки хайрхоҳони ихтиёрӣ мо Мир Зафарро аз вартаи марг раҳонида, ба ҳаёти солим баргардонидем. Албатта, то пурра ба худ омадани нависанда, ҳоло вақти зиёд лозим аст. Аммо бо хурсандӣ метавонам бигӯям, ки алакай саломатияш рӯ ба беҳбудӣ оварда, соҳиби манзил гардидааст. Ҳамчунин, ният дорад, ки китоби нави хешро таҳия намояд, ки алакай чанд саҳифаи онро иншо кардааст».
Аслишо Акимбеков мегӯяд, ки сарнавишти Мир Зафар, марде, ки аз рӯзгори хуш ба вартаи нокомӣ рафтаву бо либосҳои жанда дар кӯчаҳо мегашт, бори дигар собит кард, ки дар ин замона кӯмак ба ниёзмандону уфтодагон чӣ қадар зарур ва саривақтӣ мебошад: «Имрӯз, вақте ки ба сару либоси озодаи Мир Зафар менигарем, манзарае пеши чашмам намудор мешавад. Ҳаморн лаҳзае, ки ман аввалин бо бо Мир Зафар рӯбарӯ шудам; марде дар даст сигори нотамом ва ба девори фарсудае такя задаву бо чашмони ноумед ба зиндагӣ ва оянда нигоҳ мекунад!”
Аз ин фурсат истифода бурда, мехоҳам сипоси хешро ба Сатторов Имомуддин Мирзоевич, Сафири фавфулодда ва Мухтори ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, Назар Мирзода, Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, Вафо Ниятбевок, Сардори иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Тоҷикистон баён кунам, ки дар хусуси тақдири Мир Зафар бетараф набуданд ва кӯмак карданд. Бо ин амал мо тавонистем, ки Мир Зафарро дубора ба зиндагӣ баргардонда, аз вартаи нобудӣ ва ноумедӣ раҳондем. Албатта мо наметавонем Александр Гушинро аз хотир барорем, чун маҳз ӯ буд, ки мо ба кӯмаки Мир Зафар шитофтем, ҳол он ки Александр низ метавонист, ки нисбати тақдири ин ҳамватани мо бетафовут бошад, аммо баракси бисёриҳо ӯ натанҳо моро ба кӯмак даъват намуд, балки то лаҳзаҳои охир ҳамватани моро бо хӯрду хӯрок ва лавозимоти аввалиндараҷа таъмин намуд».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ