Асмо Асад аз Башор Асад ҷудо шуданист
Асмо Асад, ҳамсари Башор Асад, президенти фирории Сурия бинобар норозигӣ аз зиндагӣ дар Маскав дархости талоқ кардааст. Ӯ ният дорад, ки ба Лондон кӯчад.
Бино ба хабари расонаҳо, ӯ барои тарки Маскав иҷозаи махсус дархост кардааст, аммо ин маълумот аз ҷониби Дмитрий Песков, сухнгӯи Путин рад шудааст.
Ёдовар мешавем, ки пас аз забти Димишқ аз ҷониби шӯришиён, Башор Асад курсии президентиро тарк ва ба Маскав кӯчид. Президенти Рус Владимир Путин ба ӯ паноҳандагӣ додааст.
Президенти ИМА Ҷо Байден ин ҳодисаро «амали адолат» номид. Ҳамчунин, ИМА ва Туркия дар мавриди ҳалли вазъи Сурия ба тавофуқ расидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ